ПУЛҲОИ КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ АЗ КУҶО МЕОЯНД?

Воқеан ҳам вақте, ки дар бораи пешрафт ва ё ин ки рушди молиявии як ё ду нафар андеша меронед, ҳатман суоле ба миён меояд, ки ин пулҳо аз куҷо омадаанд? Агар доираи фаъолият ва маҳдудаи фаъолияти шахсро донем, он вақт суоле ба миён меояд, ки наход аз ҳамин роҳ ҳам пул ба даст оварда шавад?

Он гоҳ мо талош мекунем барои посух ёфтан ба суолҳои зиёди худ ба ҷустуҷӯйи санадҳо ва маълумотномаҳо аз ҳар манбаъ шавем, то ҳақиқатро дарёбем ё аниқтараш посухи амиқро бигирем. Ҳамдеҳагони раиси ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ  М. Кабирии палид ҳам ҳар рӯз дар ҳамин андеша буданду фикри онро мекарданд, ки чӣ тавр як палиди ифротӣ зуд соҳиби мақому мартаба шуд?

Ин қадар пулдору номӣ шуд?

Албатта, рекламаи Кабирии палид кайҳо боз ба роҳ монда шуда буд ва пули реклама ҳам аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон пардохт мегардид. Шояд хонанда ин ҷо суоле ба миён гузорад, ки хоҷагони хориҷӣ кистанд?

Хоҷагони хориҷии Кабирии палид як давлати бо маълум, ки дар солҳои 90 ҷанги шаҳрвандиро ташкил карда буд ва ҳамчунин чандин ташкилотҳои террористӣ мебошанд, ки пайваста Кабирии террорист ва созмони террористияшро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин менамоянд, то бар алайҳи миллату давлат пайваста мубориза бараду хиёнат кунад.

Ин Кабирии ватанфурӯш ва хоин ҳар сол чандин парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ анҷом медод, ки мақсад аз ин парвозҳо низ ба ҳама маълум, яъне хоинӣ ва ватанфурӯшӣ! Рӯирост раиси Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом М.Кабирии палид ва касиф мардумро фиреб дода, нияти табаддулоти давлатиро дошт ва хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасид.  Аммо ҳанӯз ҳам дар шинохти Кабирии манфур ва террорист, ки имрӯзҳо худро яке аз ҳомиёни Ватану миллат меҳисобад дар асл як душмани ғаддор ва ҳанноти гузарову хоин мебошад, ки ин рафтораш борҳо исбот гардидааст.

Худи ҳамин фирор намудани ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба кишварҳои Аврупо худ далели он аст, ки ин наҳзатиёни манфур аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешаванд, агар не барои чандин авбошу роҳзан ва террористу шикампарвар, ки аз сиёсат фарсахҳо дуранд, ҳарза гуфтану мудохила кардан ба сиёсат чӣ зарур аст? Маълум мешавад, ки ин наҳзатиёнро хоҷагони хориҷияшон супориш медиҳанд, то ба сиёсати кишвари мо мудохила намоянд, миллатро гумроҳ созанд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Ҳатто таъсиси чанд сомонаи ифротӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки аз ҷониби наҳзатиён ташкил карда шудаасту туҳматномаҳо ба нашр мерасонад, аз тарафи ҳамин хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешавад, ки ин воқеан ҳам аз дурӯягиву хоинии наҳзатиён ва Кабирии палиду авбош шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам ҳамин рафтор ва муносибати наҳзатиён худ нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палидон зархариди душмани миллату ватани хеш гардидаанду барои ду танга ба чӣ хиёнатҳое қодиранд?

Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ба наҳзатиён чӣ намерасид, ки даст ба хоини ва ватанфурӯшӣ заданд?

Оре, посух ба ин суол яктост, ин ҳам бошад ниҳоди нопок ва тарбияи нодуруст мебошад. Зеро худ қазоват кунед, ки Кабирии манфур чӣ қадар лоиҳаҳои тиҷоратӣ дошту бо роҳҳои гуногун чандин бинову хонаҳои истиқоматиро соҳиб шуда буд, ки ҳар яки он пул меистад. Ва бар замми ин барои роҳбари наҳзатиёни касиф ва палид кулли шароит муҳайё  буд ва набояд, ки наҳзатиёни палид ва касиф  ба ин чизҳо  дода мешуданд, аммо ниҳоди нопок ва нафси баду тарбия нодуруст нагузошт, ки ҳам Кабирии палид ва ҳам наҳзатиёни манфур аз хиёнат даст кашанд. Билохира нафси бад ва тарбияи нодурусту ниҳоди нопоки наҳзатиён сабаб шуд, ки онҳо дурӯяву хоин ва авбошу террорист гарданду бар Ватани худ, миллати хеш хиёнат намоянд.

Албатта, хиёнат бузургтар аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯз ҳам бахшида нахоҳад шуд, инро набояд фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик минҷумла наҳзатиёни касиф ва бадниҳоду бадгавҳар.

Банда аминам, ки миллат ин хиёнат ва душмании наҳзатиёнро нахоҳад бахшид, зеро он хиёнате ки наҳзатиён солҳои 90-ум анҷом дода буданд, он даҳшате ки бар сари миллат оварда буданд, то ҳол аз хотираҳо зудуда нашудааст ва зангори кулфатҳои он рӯзҳо аз дили мардум шуста ҳам нагардидааст, ки  наҳзатиён дубора даст ба хиёнат зананд. Шаҳид гардидани зиёда аз 160 000 нафар шаҳрванди бегуноҳ ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар шаҳрванд аз дасти наҳзатиён ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ то ҳол дар таърих сабт шудааст ва омилҳои ин хиёнати наҳзатиён омӯхта мешавад, ки миллат ҳатман бар ин посух хоҳад дод.

Ҳарчанд имрӯз хоинони миллати тоҷик, наҳзатиёни палид дар Аврупо қарор гирифтаанду худро дар амн меҳисобанд, аммо иштибоҳе беш нест. Зеро миллат ҳатман хоини бузург, террористи манфур ва бадниҳоди бадкеш Кабирии палидро мавриди пурсуҷӯ қарор хоҳад дод ва ин манфур мебинем, ки чӣ тавр бар хиёнатҳояш, мудохила бар ҳаёти ороми мардуму ноором кардани хотири ҷамъият ҷавоб медиҳад?!

Зеро гуфтаанд, ки «сангандоз ҳаргиз санг нахӯрда намемонад” , ки умедворем, хоинону душманони миллати тоҷик ҳам ҳаргиз бепосух нахоҳанд монду ҳатман дар назди қонун бар ҳама ҷиноятҳояшон ҷавоб хоҳанд дод.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ