ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Созмонҳо ва гурӯҳҳои тундрав, ки бо номи гурӯҳу созмонҳои террористӣ-экстремистӣ имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ мешаванд, бештар дар заминаи падидаҳои манфии иҷтимоӣ ва он ҳам инсонбадбинӣ ба вуҷуд омадаанд, ки инро мо дар рафтору амал ва  пайёмадҳои фаъолияти ин гурӯҳу созмонҳо ба таври равшан мушоҳида менамоем. Аз ин ҷост, ки зуҳури ин гуна гурӯҳ ва созмонҳоро мешавад ба таври комил падидаи номатлуб ва манфӣ дар арсаи байналмилалӣ хонд.

Чандест, ки дар саросари ҷаҳон мушкили рақами 1-и олам ин зуҳури падидаҳои номатлуби аср ба монанди терроризм ва экстремизм гардидааст. Ҳарчанд дар шароити кунунӣ аксарияти созмонҳои террорисӣ-экстремистӣ  фаъолияти худро дар аксарияти минтақаҳои гармӣ террористпазир қатъ намудаанд ё худ ба таваққуф гузоштаанд, аммо ҳанӯз ҳам садои тиру туфанг ва ғул-ғулаи бонгу таркиш дар кишвари ҳамсоя Афғонистон ба чашм мерасад, ки воқеан ҳам нигаронкунанда аст.

Амалҳои террористӣ ва экстремистии созмонҳои террористӣ олами башарро аз чанд ҷиҳат нигарон кардааст ва аз ҷониби дигар бошад, хислати паст ва ғайриинсонии ин тоифаи террористону ифротгароёнро ба намоиш мегузорад.  Имрӯзҳо аксарияти созмонҳои террористӣ бо гумроҳ намудани ҷомеа  сафи ифротгароёнро афзун намуда, ниятҳову мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешаванд, ки воқеан ҳам ин масъала ташвишовар мебошад.

Бинобар сар задани пандемияи Ковид-19 ё коронавирус  СММ аз гурӯҳҳои тундрав ва ҷангҷӯ хост дар ин давра ба ҳаёти башар халал нарасонанд ва ба ҷангҳову амалҳои бемаънии худ хотима бахшанд. Аммо ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои тундраф ва ифротгаро, яъне ҳамон созмонҳои террористӣ-экстремистӣ  фаъолияти зиддиинсонии худро идома дода, кӯшиш намуданд, то ба ҳаёти ороми мардум таъсири манфӣ гузоранд.  Ҳамин аст, ки имрӯзҳо агар дар кишвари Афғонистон созмонҳои террористии “Толибон” ва  “Давлати исломӣ” ҷангро идома додаистода бошанд, дар Аврупо бошад ҳоло созмонҳои террористӣ-экстремистии ҲНИ ва ПМТ ба гумроҳ намудани ҷомеа машғуланду дар ҳамин давраи мушкил ҳам аз аъмоли ношоиставу инсонбадбинонаи худ даст намекашанд, ки воқеан ҳам ҷойи таассуф аст. Ҳарчанд ҳамагон хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ ҳамчун ниҳоди олии терроризм ва экстремизм шинохта шудаанд ва дар чандин кишварҳои ҷаҳон низ ин созмонҳоро ҳамчун созмони хатарнок ва зараровар ба ҷони инсоният ба рӯйхатӣ махсус ворид кардаанд, лек ҳамоно наҳзатиёни манфур кӯшиш мекунанд, ин воқеиятро ҳамчун сирри махсус пинҳон доранд.

Наҳзатиён бештар  дар ин давраи мушкил ба ҳамлаҳои иттилоотӣ гузашта кӯшиш мекунанд, то ҳарчӣ зиёдтар ҷавононро, ки қисме аз осебпазирӣ ҷомеа маҳсуб меёбанд, гумроҳ созанд. Ҳоло барои ба мақсади хеш расидан, бештар зери ниқоб баромад намуда, кӯшиш мекунанд, то ҷавонон аз воқеияти онҳо баҳрвар нашаванду гумроҳ гарданд. Мақсади аслии ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ ҳам ҳамин аст, ки зиёдтар ҷавононро гумроҳ созанд, то дар назди хоҷагони хориҷияшон ҳисобот диҳанду маблағи бештар ба даст овараннд.

Албатта, насли калонсол хуб дар хотир дорад, ки солҳои 90-уми асри 20 чӣ тавр наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ҳоло бо ниқоби нав ТТЭ ПМТ кишварро ба маркази хоку хун ташкил доданду зиёда аз 160 000 нафар шаҳрванди бегуноҳро ба қатл расониданду чандин амалҳои террористиро содир намуданд, ки воқеан ҳам то  ҳанӯз доғи он аз дил нарафтааст. Албатта, дар ҳамон рӯзҳо низ наҳзатиёнро хоҷаҳои хориҷияшон маблағгузорӣ менамуданду бар алайҳи миллати тоҷик равона сохт, мисли имрӯз. Ҳоло ҳам ҳамин наҳзатиён дар Аврупо маскан гирифта бар алайҳи миллат мубориза мебаранд ва талош мекунанд, то кишварро ноором намоянду миллатро сарсон, зеро мақсади ин авбошон ҳамин асту халос.

Ҳамчунин ТТЭ ҲНИ аз солҳои 90-ум то ба имрӯз бо чандин созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ намудааст, ки ин ҳам аз манфурият ва даҳшатафкании наҳзатиён шаҳодат медиҳад.  Пас чӣ тавр созмонҳои террористӣ-экстремистиро, ки барои хароб намудани шакли орому осудаи ҷамъият ва вазъи беҳбудёби ҳолати иҷтимоӣ кӯшиш мекунад, падидаи номатлуб нагуфт?!

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ