МУНОҚИШАҲОИ МАРЗӢ АЗ БЕФАРОСАТИИ ҚИРҒИЗҲОСТ

Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯзҳо қирғизҳо маҳз бо шарофати тоҷикон соҳиби замин гардидаанд ва он замине ки онҳо нишастаанд, аз санадҳои таърихӣ бармеояд, ки моли тоҷикон аст. Он чӣ гузашт ва ин заминҳо чӣ гуна моли қирғизҳо шуд дар садаи 20 инро ҳамагон медонанд ва ҳоҷат ба такрори он ҳам нест. Аммо чизи дигаре, ки имрӯз моро нороҳзат кардааст, ин носипосии қирғизҳост. Ҳарчанд қирғизҳо дар мулки мо ҷой гирифтанд, аммо тоҷикон аз ин нороҳат нашуданд ва то кунун эҳтироми  ҳамсоядориро ба ҷо меоварданд ва қирғизҳоро аз нигоҳи ахлоқи ҳамчун инсон эҳтиром мекарданд. Лек ин муҳаббат ва эҳтироми мо қирғизҳоро масту мадҳуш кард ва он гуна, ки қирғизҳо ба ибораи дағал бигӯем “аз сари худ рафтанд”.  Онҳо фирк карданд, ки тоҷикон ҳамеша бо онҳо чунин меҳрубон ва бародарона рафтор мекунанду дар посух ҳар чӣ хоҳанд мекунанд. Яъне қирғизҳо ақли худро аз даст доданд ва фикр намуданд, ки метавонанд боз бо роҳандозии ду се низоъ заминҳои мардумро ҳам аз худ кунанд.

ИСТ! Аммо ин дафъа не! Зеро ин дафъа дигар тоҷик риояи одоби ҳамсоядорӣ ва эҳтироми инсонӣ намегӯяд. Зеро аллакай фаҳмид, ки қирғизҳо носипосанд ва асло ба некӣ қадр намегузоранд. Онҳо бар сари аҳолии осоишта тир кушоданд, мардумро озор доданд, низоъталабӣ карданд, ки ин дигар  мо тоҷиконро ором намегузорад. Акнун фурсате расид, ки ба қирғиз бигӯем, ки ҷавоб ба носипосӣ чист?!

Фикр намекунам, ки агар бо қирғиз бо ҳарфи нек суҳбат кунем, онҳо бифаҳманд ва қабул кунанд. Зеро борҳо шудааст, ки қирғизҳо ваъда додаанд, даст додаанд ва боз аҳдшиканӣ кардаанд, ваъдахилофӣ намудаанд ба аҳди баста вафо накардаанд, ки ин ҳам аз ҳамон бефаросатии қирғизҳо шаҳодат медиҳад.

Қирғизҳо иштибоҳашонро бояд қабул кунанд, зеро ин муноқишаву ҷангталабии онҳо бефоидаву беасос мебошад. Ва онҳо ҳаргиз ҳуқуқи талаби заминҳои моро надоранд. Ин заминҳо ҳаққи ҳалоли миллати тоҷик аст ва ҳеҷ кадом бегона бар ин ҳақ надорад.

Имрӯз дар минтақаҳои марзӣ қирғизҳо муноқиша бармеангезанд, сокинонро ба шӯр меоранд ва ин албатта нобахшиданист ва қирғиз бо ин рафтори нодурусташ бори дигар исбот намуд, то кунун маданият ва фарҳанги одамгариро наомӯхтааст.

Риоя накардани одобиҳамсоядорӣ, муносибати инсонӣ, барангехтани низоъ, иғвобарангезӣ аз ҷониби қирғизҳо ҳатман барояшон гаронтар хоҳад фаромад ва инро вақт нишон медиҳад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ