АҲДШИКАНӢ ҲАМ НОМАРДИСТ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, масъалаҳои баҳсӣ миёни давлатҳо тибқи муқаррарори муайян ва аз ҷониби тарафайн пазируфта, ба баррасӣ гирифта мешавад. Ҳар як нуктаи муҳим дар ин баҳсҳо аз ҷониби коршиносон омӯхта мешавад, далелҳо санҷида мешавад, то хулосаи амиқ бароварда шавад.

Маълум аст, ки имрӯзҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои марзӣ зуд -зуд сар мезананд, ки сабабгори аслии ин ҳама муноқишаву задухӯрдҳо қирғизон мебошанд. Зеро қирғизҳо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, далелҳои мавҷударо намехоҳанд қабул кунанд. Онҳо мехоҳанд, бо роҳ андохтани муноқишаҳо ва ташкил намудани задухӯрдҳо ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор намуда, заминҳоро ғасб намоянд. Зеро тавре, ки медонем ҳамаи масъалаҳои марзиро қирғизҳо нодуруст дар матбуот шарҳу тавзеҳ дода, кӯшиш менамоянд, то бештар моро айбор созанду гуноҳи худро пинҳон нигоҳ доранд. Қирғизҳо чунин вонамуд кардани мешаванд, ки бегуноҳанд, вале дар асл бошад гуноҳкорӣ аслӣ худи қирғизҳо мебошанд.

Бубинед, қирғизҳо бар сари аҳолии осоишта тир мекушоянд, сокинони бегуноҳро захмӣ мегардонанд ва боз дар расонаҳояшон изҳорот пахш мекунанд, ки онҳо айбор нестанд. Охир ба ин бовар мекунад?

Вазъият дар марз маълум аст, сокинони наздимарзӣ борҳо шикоят менамоянд, ки мавриди ҳамлаҳои номардонаи қирғизҳо қарор мегиранд, аммо дар расонаҳо бошад аз ин чизҳо гуфта намешавад.

Чаро?

Зеро қирғизҳо аз рӯйи формулаи шағолон амал мекунанд ва вонамуд кардани мешаванд, ки гуноҳе надоранд, ҳарчанд сабабгори муноқишаву нооромиҳо дар сарҳади худи онҳоянд.

Борҳо шоҳид гардидаем, қирғизҳо аҳдшиканӣ мекунанд, ваъдахилофӣ мекунанд ва борҳо шудааст, ки гуноҳи худро, айби хешро ба сари дигарон бор карда бошанд. Аммо ин дафъа барои қирғизҳо вазнинтар аз ҳарвақта хоҳад буд. Зеро қирғизҳо дигар аз боварӣ баромаданд ва ҳамон фарҳанги ҳамсоядориро хат заданд, ки ин дигар ҷойи андеша нест. Фаромӯш набояд кард, ки аҳдшиканӣ ҳам номардист!

Дилмуроди  Вафо

воқеънигор