ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: КАБИРИИ ПАЛИД, ДОҒ БАР БАШАРИЯТ!

Ҳарчанд имрӯзҳо ҷомеа дар мубориза бо пандемияи КОВИД-19 аст ва ин лаҳзаҳо, ки албатта барои миллат ҳассос мебошад, душманони миллат ба ҷойи ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ бо роҳбарии террористи рақами 1 Кабирии манфур  мехоҳанд, миллатро гумроҳ созанд ва ҷомеаро ноором намоянд, ки ин як хиёнати бузург ва нобахшиданист.

Нахуст ҳамин Кабирии манфур мардумро хост бо воҳимаи коронавируси навъи КОВИД-19 ба таҳлука андозад ва ин ки кунун ин навъи беморӣ ҷаҳонро фаро гирифт, наҳзатиёни малъун зери роҳбарии ӯ мехоҳанд ҷомеаро гумроҳ созанд.

Ҳоло ин манфурони наҳзатӣ дар фикри ноором кардани ҷомеа шабу рӯз дар сомонаҳои ифротияшон талош меварзанд, туҳматномаҳои бофта ва хабарҳои бардурӯғро нашр созанд, то миллатро ба гумроҳӣ баранд. Кабирии манфур ва палид бошад бо сӯистифода аз ин ҳолат мехоҳад худро “ғамхори миллат” муаррифӣ кунад, ки ба ягон чаҳорчӯба намеғунҷад. Зеро ӯ ҳамон ҳанноте ҳаст, ки беморхонаи сироятии Сари Камишро бо 10 га заминаш, ки 500 ҷой барои беморон буд, тақсим карда фурӯхт.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинона ва бадкешонаи Кабирии манфурро, ки доғе бар башарият аст, маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!