ФАЛАК ЗИ ДАСТИ НОМАРДОНИ НАҲЗАТӢ МЕГИРЯД

Дар ҳошияи мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”

Ҳарчанд таърихи башарият дар худ сафҳаҳое аз номардии ин ё он гурӯҳ дорад. Аз беномусиҳо дорад, аммо сафҳаҳои таърихи миллати тоҷик пур аз ҷавонмардиву шуҷоат ва ғуруру нангу ор аст. Тоҷик ҳаргиз бо бешарафӣ, чоплусӣ ва бенангӣ ном набаровардааст. Аммо иддае имрӯз пайдо шудаанд, ки мехоҳанд миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ беобрӯ кунанд ва инҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд. Инҳо Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошанд, ки ҳоло дар майдони ғурбат аз ифлостарин афрод шинохта шудаанд. Зеро ба хотири нафси бади худ нангу номус ғурур ва ҳуввияти хешро фурӯхтаанд, ки ин бисёр ҳам одати пасти инсонӣ мебошад. Ва аслан ҳуувият фурӯхтаро инсон ҳам намешуморанд, ки дақиқ аст. Ҳарчанд дар шинохти инсон баҳсҳо тӯлонист, аммо як нуктаро метавон ошкоро гуфт, ки наҳзатиёне мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ҳаргиз мансубияти миллияшон то ба имрӯз шинохта нашуда буд, ки дар мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” бисёр  ҳам олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ шудааст.

Агарчи ин мақола як пажуҳиши илмист, аммо аз мутолиаи он кас дармеёбад, ки чаро маҳз ҳамин наҳзатиён даст ба хиёнат мезананд ва хоинӣ мекунанд?

Мувофиқи дарёфтӣ илмӣ ва маъхазҳои мустанад ба зудӣ дарёфтан мумкин аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНи ҳамеша аз пушти ин миллат ба худ бурдаи ноне пайдо кардаанд ва маҳз зери чатри ТТЭ ҲНИ ва ислом, ки дар ниҳодашон аз мусалмонӣ ангезае нест,  истифода кардаанду миллатро фиреб додаанд. Ва ин ТТЭ ҲНИ як маркази фанду фиреб ва хиёнату ҷиноят гардидааст, ки муаллифони мақола аз ин Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддини палид ҳамчун ҲНИчиҳо ёдрас шудаанд, ки воқеан ҳам ба маврид мебошад.

Коронавирус як имтиҳон барои давраи мушкил аст, ки мо дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро мешиносем, дарк мекунем ва фаҳми зинданиву одамгариро ба мизони тарозу мекашем. Сипас дарк мекунем, ки дар ҳамин рӯзи вазнин иддае бо саркардагонашон Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин аз ғами миллат, аз мушкили миллат барои худ манбаи хушбахтӣ ва даромад сохтаанд, ки бисёр ҳам ҳузнангиз мебошад.

Ин бор ҳам ҳамон лаҳзаҳои солҳои 90-ум такрор шуд. Агар дар солҳои 90-уми асри гузашта наҳзатиёни палид 160000 нафарро қурбон сохта бошанд, ҳоло дигар бо хиёнату разолат ва ҷоҳилияти хеш мехоҳанд тамоми миллатро қурбон кунанд. Яъне дар душвортарин лаҳза низ наҳзатиёни дур аз нангу номус ва одатҳои инсонӣ, фарҳанги волои ҷамъиятӣ мехоҳанд кунун миллатро фиреб диҳанд гумроҳ намоянд. Ва ин ҳам ба ҷойи дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати миллат мебошад. Ҳайфи номи тоҷикӣ, ки ба инҳо кадом бахтбаргашта гузоштааст. Чаро ки дар ниҳоди ин палидони наҳзатӣ, ки имрӯз ҷаҳониён мехоҳанд дар лаҳзаи душвортарин бо мо бошанд, заррае ҳам нангу номус ва ғурури тоҷикӣ вуҷуд надорад.

Ин тоифаи наҳзатиро метавон фарзандоне аз шири сиёҳ ва ё худ порӯйи ҳайвон бавоя расида унвон кард, чунки аз одаму одамгарӣ фарсахҳо дуранд.  Ҳоло мешавад гуфт, ки муаллифон Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мақолаи  “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”  сафҳаи норавшани паҳлӯи зиндагии наҳзатиёни манфурро бармало сохтанд, ки хонанда аз ин барои худ дарси бузурге хоҳад гирифт.

Ҳамчунин дубора хоҳад шинохт, ки чӣ тавр махлуқе дар симои инсонӣ маймунсифатӣ мекунаду ҳамон хислати пасти ҳаромзодагияшро такрор намуд. Шароити кунун дубора исбот намуд, ки ин ба ном “Тоҷикон” ва дар асл, ҳаромзодаҳои фирории зархаридгашта ҳаргиз дар фикри беҳбуди миллати мо нестанд. Ҷаҳон бо мо ғамшарик аст ва дар ҳоли мусоидат намудан ба мо, аммо наҳзатиён дар фикри гумроҳ кардани миллат.

Пас куҷост одамиву нусхаи тоҷикият?

 

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ