Ҳоло вазъияте, ки ба амал омадааст, ба ҳама маълум аст ва ҳама хуб медонем, ки имрӯз миллати тоҷик чӣ гуна бо ин пандемияи КОВИД-19 мубориза мебарад. Аммо иддае аз бешарафони наҳзатӣ, ки дур аз миллату давлат қарор доранд ва дар хонаҳои гарми худ нишастаанд, кӯшиш менамоянд, то миллати тоҷикро сарсону саргардон ва гумроҳ намоянд. Чунин ба назар менамояд, ки наҳзатиёни манфур имрӯзҳо дар мусибати миллат ҳам мехоҳанд, табли шодӣ зананд ва аз суханрониҳои Кабирии палид ин чиз бараъло маълум аст.
Ҳоло миллат дар мушкилтарин рӯз қарор дорад, аммо наҳзатиён кӯшиш менамоянд, то ин миллатро сарсону саргардон ва гумроҳ созанд ба ҷойи он ки дастгириву кӯмак намоянд. Пас маълум мешавад, ки ин наҳзатиёни ба ном “ғамхори миллат” ва дар асл душмани миллат фақат рӯзи бади миллатро мехоҳанд ва ҳамеша дар фикри бадкешии ин миллат мебошанд.
Мо, устодони кафедра ин рафтори нодуруст ва авбошонаву шайтонии наҳзатиёни бадкешро маҳкум намуда, ба миллат гутфнани ҳастем, ки рӯҳафтода нашавед ва марг бар наҳзатиёни палид бигӯед!