ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ПАРОКАНДА БОД ИТТИҲОДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Душманони миллати тоҷик, аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯз дар рӯзи мушкили миллат табли шодӣ мезананд ва кӯшиш мекунанд, ки миллат аз пандемияи КОВИД-19 зарар бинад. Инҳо Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод. Варқӣ, Истаравшанӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин мебошанд, ки ҳар яке бо дуздиву алкашиву ҳаннотӣ ном баровардаанд.

Онҳо ҳоло дар хориҷ аз кишвар истода кӯшиш менамоянд, то миллати тоҷикро роҳгум намоянд ва дар ин мубориза шикаст диҳанд. Зеро аз хоҷагони хориҷияшон чунин супориш гирифтаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша бо матлабҳои бардурӯғ ва туҳматбарангез, ки дар асл воқеият надорад имрӯзҳо мехоҳанд миллати тоҷикро гумроҳ созанд.

Мо, устодони кафедра боварӣ дорем, ки миллати тоҷик ба сафсатаву ҳарзаҳои наҳзатиёни манфур бовар нахоҳад кард ва ҳатман дар муборизаҳо пирӯз хоҳад шуд.