ОРОМӢ! КАФИЛИ 90 ФИСАД ЭМИН МОНДАНИ ШУМО АЗ МУБТАЛОШАВИСТ!

Ҳоло ин шабу рӯз дар тамоми ҷаҳон мардум аз пайдо задани пандемияи КОВИД-2019  ё коронавирус ранҷ мекашанд ва ин ҳолат ҳатто тарсу ҳаросро ҳам ба вуҷуд меорад, ки бояд аз ин эҳтиёт шуд. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба худ боварии комил дошта бошад ва иҷозат надиҳад, ки ваҳму тарс бар ӯ ғалаба кунад.

Зеро агар дар ҳолати тарсу афсурдагӣ ва ваҳшатзадагӣ қарор бигирад инсон, хатари бештар мубталошавӣ дар назар аст, ки оқибатҳои манфӣ ба бор дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур меояд, ки бештар хушҳол бошем ва тарсу ҳаросро як сӯ гузорем.

Дар мусоҳибаи телевизионии худ бо шабакаи  “Ҷаҳоннамо” роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ  роҷеъ ба ҳолати ин беморӣ чуни н фармудааст: “Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 фоиз ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 фоиз мефавтанд.”

Яъне ин нишон медиҳад, ки ин беморӣ ё худ коронавирус он қадар ваҳим нест ва дар баъзе афрод хеле сабук мегузарад ва ҳатто таъсир ҳам намекунаду бе табобати духтур аз ин халос мешаванд. Пас чӣ ҷойи ваҳму тарс аст?

Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки мо ҳатман бояд дар ҳолати худинзиво ё карантинӣ қарор гирем ва худу атрофиёнро аз сироятёбӣ эмин дорем. Беҳудаву нозарур ба кӯчаву хиёбон набароем ва ҳини баргашт ҳатман гигиенаи шахсиро риоя кунем, то ба ин вирус мубтало нагардем.

Аз ҳамин хотир аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меоварам, ки беҳуда нороҳат нашаванд ва худро зери фишорҳои психологӣ қарор надиҳанд. Ин маризӣ ҳатман мегузарад ва фақат барои эҳтиёт муддате дар хона бимонед, боқӣ ҳамааш дар дасти табибон аст. Ҳатман ором бошед ва асабҳои худро ором нигоҳ доред, зеро оромӣ шуморо аз мубталошавӣ эмин медорад ва ҳатто давраи бемориро ҳам ба сабуки паси сар мекунед.

Ш. Насриддинов

омӯзгори ДКМТ