ВАҚТ БАР БЕАДОЛАТИҲОИ ҚИРҒИЗ ДОВАР АСТ

Тавре, ки санаи 8-уми март АМИТ “Ховар” аз қавли Маркази матбуотии КДАМ ҶТ хабар дод, дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Исфара муноқиша сар задааст, ки гунаҳкори аслияш қирғизҳо мебошад. Зеро тибқи маълумотҳои ба даст омада чунин маълум шуд, ки қирғизҳо бо дастгирии сарҳадбононашон заминҳои баҳсбарангезро худсарона ғасб намудаанд, ки соҳибзаминон талаби холӣ кардани заминро намудаанд. Қирғизҳо бошанд ба ҷониби аҳолии осоишта сангу шағал партофта аз яроқи оташфишон тир кушодаанд, дар натиҷа чандин сокини бесилоҳ ва ороми маҳаллӣ захмӣ шудаанд.

Пас чӣ гуна мешавад, сарҳадбонони қирғизро баъд аз ин инсон номид?

Якум, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи худсарона ғасб намудани заминро надорад, сониян қирғиз аз кай боз соҳиби замин шудааст, ки боз заминҳои моро ғасб мекардааст?

Ин ҷо замини тоҷикон аст ва қавмҳои дигарро дар ин минтақа маҳз тоқикон ҷой додаанд, пас чӣ гуна ин меҳмонҳо имрӯз соҳиби замин мекардаанд?!

Аз чунин амал намудани қирғизҳо рости дар аҷабем, зеро қирғизҳо на қавл доранду на лафз.

Пас чӣ тавр мешавад ба ин тоифаи берун аз ҷамъияти фарҳангу маърифат суҳбати нек дошт?

Ҳоло, ки  қирғизҳо чандин сокини маҳаллиро, ки на силоҳ доштанду на асбоби ҳимоявӣ захмӣ намуданд, мо низ ҳатман қасди худро хоҳем гирифт. Миллат ҳаргиз чунин қонуншиканиро намебахшад. Тоҷикон ҳаргиз чунин бархӯрди номардонаро намебахшанд ва ҳатман посухи дандоншикане хоҳанд дод. Зеро ин амлаи сарҳадбонони қирғиз номардонаву ғайриинсонӣ мебошад. 

Ҳатман пас аз ин бархӯрди номардонаашон боз қирғизҳо думболи сафсатаву ҳарзагӯйи сар мекунанд ва кӯшиш менамоянд, то моро гунаҳкор кунанду санг бар ҷониби мо партоянд. Аммо ин бор мо ба чунин дасисабозиҳои қирғизон  иҷозат намедиҳем ва ҳатман ҳаққи худро талаб менамоем, бигзор ҷинояткороне, ки ба тарафи сокинони осоишта тир кушода буданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва бигзор он нафароне, ки худсарона заминҳоро ғасб намуданд, аз миллати тоҷик расман узр бипурсанд.

Қирғизҳо ҳам санг мезананд ва ҳам сангхӯрдаро боз ҷавобгарӣ кашиданӣ мешаванд, ки дигар мо ба ин характери рӯбаҳонаи онҳо иҷозат намедиҳем ва ҳатман ба ин амалҳои номардонаашон посух медиҳем, ки садсолаҳо аз ёд нахоҳанд баровард.

Меҳвар Абдусаломов

устоди донишкада