ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ДӮСТОНРО ДАР МУШКИЛӢ МЕШИНОСАНД!

Тарве, ки ба ҳамагон маълум аст, дар кулли ҷаҳон имрӯз бо пандемияи КОВИ-2019, ки сабаби аслии буҳронҳо ва сарсониву саргардонии одамон гардидааст, мубориза мебаранд ва дар аксари кишварҳои олам ин маризӣ ҳамчун бемории ҳамагир эътироф шудаву баҳри ҳифзи ҷон инсоният ҳоло дар мубориза аст.

Бо сабабҳои номаълум  ё худ беэҳтиётии мардум коронавирус ё пандемияи КОВИД-2019 ба кишвари мо низ расид ва ҳоло дар ҳолати ривоҷ ёфтан буд, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар табибони кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ба ёрӣ шитофтанд ва ҳоло дар ҳоли табобати гирифторшудагон ба ин маризӣ мебошанд.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, ки табибони кишвари ҳамсоя аллакай таҷрибаи табобат ва шифои коронавирусро доранд ва ин хуб аст, ки имрӯз онҳо дар паҳлӯи ҳамкасбони тоҷики худ баҳри рафъи ин бало кӯшиш менамоянд. Чуноне, ки мегӯянд, дӯстонро дар мушкил мешиносанд ва мо имрӯз донистем, ки воқеан ҳам дӯстони мо аз дилу нияти пок баҳри ёрӣ ба кишвари мо ташриф овардаанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори табибони Ҷумҳурии Ӯзбакистонро хуш пазируфта, ба онҳо баҳри дарки масъала ва кӯмакҳояшон арзи сипос менамоем!