Ин шабу рӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки дар чунин шароити вазнин ва душвор тамоми талошҳоро меандешам, то миллатро аз ин вартаи даҳшат наҷот диҳам.
Имрӯзҳо дар сартосари ҷаҳон бо вабои ҳамагир пандемияи КОВИД-19 мубориза мебаранд ва аксарияти кишварҳо имрӯз таҷрибаи хуби табобат ва роҳҳои халосӣ аз ин пандемияро пайдо кардаанд, ки ба дигар миллатҳо кӯмак мерасонанд.
Намедонам, бо чӣ иллате ин беморӣ низ ба кишвари мо зуҳур кард ва ҳоло мо дидаистодаем, ки чӣ тавр сокинон аз ин ранҷ мебаранд ва Ҳукумати кишвар низ дар лаҳзаҳои талош барои нест намудани ин пандемия қарор дорад.
Албатта, дар ин шабу рӯзи мушкил аз аввалинҳошуда, табибони Ҷумҳурии Ӯзбакистон бо мо дар ҳамкорӣ қарор гирифтанд ва аллакай корвони табибон ва мутахассисони соҳаи тиби ин кишвар ба пойтахти кишвари мо шаҳри Душанбе бо лавозимоти зарурӣ расиданд, ки ин некии мардумони кишвари ҳамсояро мо ҳаргиз фаромӯш намекунаем.
Ҳоло мо аз мушоҳидаҳо ва муроҷиати табибон дармеёбем, ки имрӯз воқеан ҳам ҳар як узви сайёра онро дарк намуд, ки “бани одам аъзои якдигар аст” ва албатта дар ин шароити вазнин ва боз ҳам мушкил ҳамин як тан будан ва як реша будани одамият пеши назар меояд ва мо дастаҷаъмона бар зидди ин вабо, ки душмани инсоният аст бояд мубориза барем.
мудири шӯъбаи Академияи тиббии Тошканд Неъматҷон Иброҳимов дар муроҷиатномае чунин иброз намуд: « Дар мо беморӣ пештар оғоз шуд ва мо таҷриба дорем. Мо мехоҳем ба аҳолӣ фаҳмонем, ки бо он чӣ гуна бояд мубориза баранд. Бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон мустақиман роҳбарияти Вазорати тандурустии мо дар тамос аст, мо метавонем хизматрасонии тиббии телевизионӣ ва видеоконференсия ташкил кунем. Бо мо мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва реаниматологҳо омаданд. Мо саъй хоҳем кард, ки ин касалиҳоро якҷоя бартараф созем».
Албатта, мо якҷоя ин бемориро бартараф менамоем ва ҳатман аз байн хоҳем бурд, зеро ин як вабост, ки имрӯз ҳаёти ширинро зери ваҳму тарс қарор додааст ва ҳатман ба зудӣ аз байн хоҳем бурд.
Мо,аз ин ки табибони кишвари Ӯзбакистон ба ёрии ҳамкасбони тоҷики худ шитофтанд, хеле хурсанд ҳастем ва ин некиву муҳаббати халқи ӯзбекро ҳаргиз фаромӯш намесозем. Дар шароити феъли ҳамаи халқҳои ҷаҳонро зарур меояд, ки ҳаматарфа талош намояд ва ҷаҳд кунад, ки ин пандемияро аз байн барад ва сайёраи заминро, ки имрӯз аз ин вабо махлут шудааст, ба таври комил поккорӣ кунад.
М. Абдусаломов
устоди донишкада