САРБОЗОНИ ДАЛЕРИ ВАТАН ҲАСТАНД, КИ ҲАМАҶО ОРОМУ ОСУДА

Вақте, мо орому осуда ҳастем, ки сарҳад дар дасти сарбозони далеру шуҷоъ ва фарзандони ин Ватан бошад. Замоне, мо метавонем осуда бихобем, ки диёрамон тинҷу ором бошад, ватанамон ором бошад. Замоне, мо ба қадри саодат метавонем бирасем, ки ҷангу ҷидол набошад дар кишвар. Тасаввур кунед, вақте ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд?! Он вақт касе ёд надорад, ки ором хуфта бошад. Ҳоло, ки шукрона Ватан орому осуда аст, кишвар ором аст. Ин албатта бахти баланди миллат ва хизмати Роҳбари давлат аст…

Ин боварии мо ба ҳамон мудофиёни Ватан аст, ки имрӯзҳо шабу рӯз нахуфта дар хизмати Ватан қарор доранду марзҳо назора мекунанд, то душмане, адӯе пойи нохалафашро ба сарзамини муқаддаси мо нагузорад. Саодату хушбахтии мо ҳам ба ҳамин сарбозони далери Ватан вобаста аст ва ҳамине сарбозони далери Ватан ҳастанд, ки шабу рӯзи мо ором аст, тинҷ аст, доду фиғон нест.

Боре, фикр кардаед, ки вазъият дар Афғонистон чӣ гуна аст?

Боре андешидаед, ки мардуми ҷангзадаи афғон чӣ ҳол дорад?

Боре муқоиса кардаед, ки хандаи тифлони мо чӣ гуна асту ғурбати он сӯйи марз чӣ тавр?

Ҳамин оромиву осудагист, ки мо имрӯз дар хиёбонҳо ором қадам мезанем ва ҳамин оромиву осудагист, ки занону духтарони мо дар хиёбонҳо озодона  гашту гузор менамоянд ва дар дил тарсе надоранд. Ин ҳама ба баракати ҳамон сарбозони ҷонфидои миллат аст, ки имрӯзҳо дар ҳифзи таъмини амнияту осудагии мардуманду дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ ва Артиши миллӣ қарор доранд.

Пас чаро мо қарзи ватандории хешро адо накунем?

Ёдам ҳаст, ки нафаре гуфта буд, ки миллионҳо пул дорад ва хонаву қасрҳои боҳашамат дар хориҷ сохтаам ва агар соле аз Ватан дидан накунам, ҳамон сол бароям хеле вазнин мегузарад ва ҳамон сол орому осудагиямиро аз даст медиҳам. Яъне, ин ҳама дороиву сарват дар кишвари хориҷа ба як лаҳза фазои Ватан намеарзад. Ватан дигар аст, Ватан хонаи умеди мост ва ин сарзамини муқаддас, ки номаш Тоҷикистон аст, беҳтарин сарзамин ва осудаву оромтарин кишвари дунёст. Пас чаро мо ҳам ба қадри ин оромиву осудагӣ нарасем?

Ватандӯстии мо ҳамон вақт аён мешавад, ки мо дар оромиву осудагияш, дар ободиву созандагияш саҳме гузошта бошем. Ҳоло қарзи ҳар ҷавонмард аст, ки ба хизмати Ватан-модар биравад ва аз мактаби мардонагиву ҷасорат бигузарад ва каме ҳам бошад, номуси ватандорияшро ҳифз кунад ва ҳиссаи худро дар оромиву осудагии Ватан гузорад.

Замоне чунин анъана буд, ки вақте ба ҷое ба хостгорӣ мерафтед, мепурсиданд, ки фарзанди шумо оё ба хизмати Ватан рафтааст?

Бале, айнан ҳамин суолро медоданд ва агар мешуниданд, ки нарафтааст аз додани духтар ба он худдорӣ мекарданд. Чаро?

Оре, ин суоли мантиқист ва ин ба он маъност, ки вақте ҷавонмард азмактаби ҷавонмардиву шуҷоат нагузаштааст, чӣ хел метавонад номусу шарафи дхтари касеро ё завҷаашро ҳифз намояд?

Кӣ ҳам метавонад ба ин суол ҷавоб гардонад?

Воқеан ҳам хизмат ба Ватан ин як мактаб аст, ин саҳмгузории мо ба ҳамин лаҳзаҳои орому осуда аст.  Пас чаро мо ба хизмати модар-ватан наравему сазовори номи шарафманди Сарбози Ватан нагардем?

Аз ҷавонони синни даъватӣ ҳамин қадар тақозо менамоем, ки дар хизмат ба Ватан кӯшиш намоянд ва ҷаҳд кунанд, ки саҳми худро барои ободониву оромии Ватан гузоранд ва исбот намоянд, ки онҳо воқеан ҳам мард ҳастанду метавонанд номусу шарафи зану хоҳари худ ва ҳамдиёронро ҳифз кард.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ