ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ХИЗМАТ БА ВАТАН МАРДОНАГИСТ!

На ба ҳар кас чунин имконият пайдо мешавад, ки ба хизмати модар-Ватан сафарбар гардад ва дар қатори шермардону муҳофизони Ватан қарор бигирад. Ватан бузургтарин дороии инсон аст ва ин неъматро ба ҳеҷ қиммате аз ҳеҷ куҷое харида намешавад ва ҳифзи номуси ин Ватан, ҳифзи марзу буми он қарзи фарзандиву вазифаи ҷонии ҳар як сокини бошараф аст.

Ҳоло чунин имконият шудааст, ки ҷавонон бо навбат барои гузаштан аз мактаби мардонагиву шуҷоат ба сафи Артиши миллӣ шомил мешаванд ва аз имтиҳони бузурги одамгарӣ мегузаранд, ки ин бисёр ҳам шонси бузург барои ҷавонони меҳанпарасту садоқатманд мебошад.

Хизмат ба Ватан шараф аст ва ин номусу шарафмандиро сазовор шудан, танҳо ба шердилони меҳанпарасту садоқатманд насиб мекунаду халос. Барои номи мубораки сарбози далери Ватанро гирфитан бояд ҷавонон дар сафи пеши Артиши миллӣ қарор гиранду аз вуҷуди худ дарак диҳанд.

Мо, устодони кафедра ҷавонони солеҳу солим ва меҳандӯстро  ба хизмат ба Ватан даъват намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки дар сафи далерону афсарони сарбаланди меҳан қарор бигиред, то фардо аз шумо ҳамчун марди дараҷаи 3 ном набаранд.