Чандест, ки дар шабакаи ҷаҳонии интернет сомонаҳои ифротиёни наҳзатӣ ва дигар журналистони аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд фаъол ҳасту ба нашри ахбори бардӯрӯғ ва фитнаангез машғул мебошад. Ҳоло ин сомонаҳои монанди наҳзат.ру ва ахбор.ком ба нашри маводҳои хусусияти ифротӣ дошта, машғул буда, бештар хабарҳои бардурӯғ ва маълумоти носаҳеҳ ва аз ҷониби созмонҳои террористӣ омодагардидаро манзури омма мегардонанд, ки ин хилофи меъёрҳои касбии журналистика мебошад.
Аммо аз замоне, ки ин сомонаҳо таъсис ёфтаанд ягон ахбори дуруст ва ё маълумоти саҳеҳ ба хонанда пешниҳод нагардидааст ва ҳамаи маводҳои ин сомонаҳо душманонаву бисёр ҳам хоинона ва ғайри меъёрӣ бе баназаргирии этикаи касбӣ ба нашр расонида шудаанд, ки ин як душмании муаллифони ин сомонаҳо, яъне наҳзат.ру ва ахбор.ком бар башарият мебошад.
Тавре, ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, “Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст”, ки шарҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст:
“Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 18 феврали соли 2020 қонеъ карда шудааст. Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.”
Албатта, ин ду сомонаи ифротӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ва бо доменҳои кишварҳои сеюм маъруф ҳастанд бештар дар хизмати ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои зиддибашарӣ қарор гирифта, ба хотири ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт аз хоҷагони хориҷияшон ба нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез мепардохтанд, ки ин бар зарари ҷомеа мебошад.
Ва ин ки имрӯз аз ҷониби Суди Олӣ ин масъала расман ҳал шуд, хеле ҳам саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Зеро дар ягон сомонаҳои интернетӣ чунин бенизомӣ ва ифротгароӣ дида намешавад, ин ки дар сомонаҳои “akhbor.com” ва «nahzat.ru» ин ҳолат бисёр мушоҳида мешавад ва ҳамчунин ин расонаҳо ягон ахбори саҳеҳ ва дақиқро нашр намекунанд, балки ҳамон хабарҳои сохтаи террористонро, ки бар хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва касбӣ омода шудааст ба нашр мерасонанд, ки ин худ ҷиноят аст.
Аз ин рӯ, мо ин қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуш пазируфта, ба сокинон гуфтани ҳастем, ки аз мутолиаи маводҳои ин сомонаҳои ифротӣ, ки ба террористон тааллуқ дорад худдорӣ кунанд ва мағзҳои худро аз андешаҳои ифротӣ пок нигоҳ доранд.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ