Чандест, ки аъзоёни ифротиву манфури ТТЭ ҲНИ чандин расонаҳоро дар хориҷ аз кишвар таъсис додаанд, ки фақат ба навиштани матолиби бурдурӯғ машғуланд. Ҳоло дигар, ки мардум ба навиштаҳои ин расонаҳои сохта бовар намекунанд. Дигар наҳзатиёни палид маҷбур шудаанд, ки роҳбарияти радиои “Озодӣ”-ро бихаранд ва аз номи ин расонаи иғвобарангез матлабҳояшонро нашр намуда, мардумро ба гумроҳӣ баранд.
Тавре, ки маълум аст, кормандони радиои “Озодӣ” акнун пурра ба хизматӣ наҳзатиён гузашта ва ҳамеша аз фосиқон пайравӣ мекунанду ба фармони онҳо хабару гузориш таҳия мекунанд, ки сароро бардурӯғ аст ва ҳамааш ба манфиати наҳзатиёни палид аст.
Аз ин рӯ, ҷомеаро зарур меояд, ки ба сафсатаҳои ин хоинони бадкеш таваҷҷуҳ накарда, ҳар як хабару матлабҳои нашршударо ба таҳлил кашанд, зеро ягон навиштаи ин хоинони бадкеши миллат, ва ба ном руӯзноманигорон воқеият надорад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони бадкеши миллатро маҳкум намуда, ба ин палидон лаънат мехонем.