Ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст, ки наҳзатиёни палид ва манфуру разил пас аз ба хориҷ фирор карданашон гуноҳҳои худро сафед кунанд ва ё ба ибораи аслӣ бигӯем, мехоҳанд гуноҳҳои худро аз назари мардум рӯйпӯш намоянд ва барои ин хеле корҳои фитнаангезиро роҳандозӣ кардаанд, ки як шармандагии ҳамин палидони наҳзатист.
Зеро мардуми тоҷик нағз медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил намуданд ва ҷони зиёда аз 150 ӣҳазор нафар бегуноҳро гирифтанд, ки аз ин дида даҳшати вазнин дар он рӯзҳо дигар набуд.
Ҳоло бошад ин наҳзатиёни манфур ҳамон хиёнаткориҳо ва ҳамон даҳшатҳои ба сари мардум овардаашонро мехоҳанд ба сари дигарон бор кунанд ва худро бегуноҳ шуморида, дубора мардумро фиреб диҳанду гумроҳ намоянд.
Лек мо омӯзгорони кафедра ҳаргиз ба ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ таваҷҷуҳ намекунем ва бовар дорем, ки миллати тоҷик ҳам ин хоинони наҳзатиро нахоҳад бахшиду ҳатман дар забонаш ибораи “Нест бод ТТЭ ҲНИ” мечархонад.