ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ!

Тайи чанд соли охир мушоҳида менамоем, ки дар баъзе аз кишварҳои рӯ ба рушд сафи созмонҳои террористӣ меафзояд ва баъзан мебинем, ки гурӯҳҳои террористӣ ба ин ё он кишвар ҳамлаҳо анҷом медиҳанд ва ҳаёти сокинони осоиштаро зери хатар қарор медиҳанд, ки ин як падидаи ташвишовар аст.

Ҳоло дар баъзе аз кишварҳои Ховари миёна гурӯҳҳои террористӣ минтақаҳои аҳолинишинро зери ҳамлаҳо қарор дода, садҳо кӯдаку шаҳрвандро несту нобуд мекунанд, ки ин моро бетараф намегузорад ва аз ин лиҳоз пешниҳод мекунем, ки созмонҳои байналмилалӣ муборизаро бар алайҳи гурӯҳҳои тундрав ҷоннок намоянд ва ин вабои асрро решакан созанд.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори ношоиста ва ғайриинсонии созмонҳои террористиро маҳкум намуда, ба ин тоифаи разилони террорист ва инсонбадбин лаънат мехонем.