Пас аз фирор намуданашон аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба кишварҳои аврупоӣ бештар бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурда, талош менамоянд, ки мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд ва барои ин кор чандин расонаи ифротиро таъсис додаанд, ки ҳамарӯза тариқи он ғояҳои ифротиро тарғиб мекунанд.
Ҳамчунин тӯҳматномаҳоро ба нашр мерасонанд, ки ҳамаи навиштаҳо ягон асоси воқеӣ надорад ва ҳамааш аз бофтаҳои наҳзатиёни палид аст, ки барои паст намудани обрӯву мақоми сокинони кишвар роҳандозӣ шудааст.
Тавре, ки гуфтем наҳзатиёни палид душманони миллати тоҷик буда, дар зери ниқоб имрӯзҳо фаъолият мебаранд ва барои гумроҳ кардани ҷавонон ҳоло ташкилоти террористии навро бо номи ПМТ таъсис додаанд, ки он ҳам аз ҷониби наҳзатиёни манфур идора мешавад ва ҳама аъзоёнаш ҳам палидони наҳзатӣ мебошанд.
Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳами ин разилони палиди наҳзатӣ лаънат мехонем.