Дар ҳақиқат амалҳои нангини шахсони номбурда ҳеҷгоҳ аз лавҳи хотирҳо пок намегардад. Ин ашхосони бо ном миллатдўст ҳар лаҳза мехоҳанд, ба пояи давлати ободу озоди мо теша зананд. Ман амалҳои нопоки ононро маҳкум намуда аз забони шоири бузурги халқи тоҷик Умари Хайём мегўям:
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Хаст аз паси парда гуфтугўи ману ту,
Чун парда биафтад на ту мониву на ман.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехостанд, ки давлати абарқудрати тоҷикон ба вартаи ҳалокат дучор гардад. Лек ба ин ҳадафи нопоки худ ноил нагаштанд:
Худкардаро даво нест,
Вовайлои пинҳонӣ.
Чанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон ин наҳзатиёни палид саркарда буданд ,чӣ қадарҳо ба мо зиён овард. Давлати ободу осудаи моро ба харобазор табдил дод.
Чӣ қадар қалбҳои модаронро шикаст. Чӣ қадар оилаҳоро вайрон кард. Минбаъд мо намегузорем, ки ин шахсиятҳои ватанхор ба мо осебе расонанд. Зеро ин наҳзатиёни палид ба қадри ин Ватану хоки муқаддас намерасанд ва мо бар алайҳи ин тоифаи душман ва хоини миллат мубориза мебарем, то ин ки ҷавонони моро ба гумроҳӣ кашида, оромии ҷомеаи имрўзаро халалдор насозанд.
Дарахти дўстӣ биншон , ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Нурматова М. Р.
ассистентикафедраи ЗД ваЗХ