ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Имрӯзҳо дар кишвар омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ идома дорад ва қарор аст, ки санаи 1-уми март дар саросари кишвар интихоботи вакилони халқ баргузор гардад.

Албатта, дар ин маърака ҳамон номзадҳое арзандаву пирӯз мешаванд, ки ҳизби онҳо дар беҳбудии ҳаёти ҷамъиятӣ ва инфиродии сокинони кишвар саҳм гузошта бошад. Ва интихобкунандагон ҳам ба ҳамон нафаре овоз медиҳанд, ки барномаи комил ва амалишаванда дошта бошад.

Ҳоло дар таърихи чандинсола чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ягона ҳизбе, ки бо бунёдкориву созандагӣ ва ободкориву суботкорӣ машҳур аст ин ҲХДТ мебошад. Зеро ин ҳизб ягона ҳизбе аст, ки тавонист ба ҷомеа хидмат кунад ва барномаашро амалӣ созад.

Мо омӯзгорони кафедра ин фаъолияти пурсамари ҲХДТ дастгирӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барор мехоҳем ва умедворем, ки сокинони кишвар низ аз ҲХДТ дастгирӣ мекунанд.