Чанд рӯзи охир дар кишвар намояндаи ТТЭ ҲНИ тарғибгарандаи ақоиди созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” Далер Шарифов боздошт гардид, ки дар ҷомеа сару садои зиёдеро ба бор овард. Аммо аз нуқтаи назари ташхиси мақомот ва соҳаи марбута маводҳои нашрнамудаи ӯ ба таври ошкоо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин нафар бо истифода аз журналистика ва минбари журналистӣ бештар ба тарғиби ифротгароӣ машғул гардидааст ва мардумро фиреб додааст.
Ҳамчунин ин ифротгарои наҳзатӣ рисолаеро ба таври пинҳонӣ нашр намудааст, ки дар он саропо ақоди ихвониҳо тарғиб мешавад ва муаллиф аз ихфониҳои террористу ифротгаро ҳимоят кардааст.
Якум нашри рисола ба таври пинҳонӣ аллакай қонуншиканӣ мебошад. Дуюм тарғиби ғояҳои бегона дар кишвар мамнуъ аст, пас чӣ тавр ин нафарро боздош накунанд, вақте ки ба мардум хиёнат мекунад??!!
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинонаи Далери ифротгароро маҳкум намуда, ӯро душмани миллат ва доғ бар ҷомеа меҳисобем.