ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ТЕСТӢ: ТТЭ ҲНИ ШОХАИ ТТЭ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН” АСТ

Тибқи маълумотҳо ва фарзияву далелҳои ба даст омада, маълум гардид, ки ТТЭ ҲНИ бештар ба ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” пайравӣ намуда, барномаи онро сармашқи кори худ қарор додааст.

Тибқи маълумотҳо аъзоёни ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” солҳои 90-уми асри гузашта ба ёрии ТТЭ ҲНИ шитофта, дар ҷанги шаҳрвандии кишвар дар паҳлӯӣ наҳзатиён ва бар манфиати ин тоифа ҷангидаанд, ки дертар аъзоёни ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” пас аз муқим гаштан  дар кишварҳои аврупоӣ ин далелро ифшо сохтанд.

Ҳамчунин роҳбри ТТЭ ҲНИ ақидаҳои ихвониҳоро ба таври кулл пазируфта, роҳбари ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсиро идеали худ ва аз бародарони ҳамфикри хеш мешуморид, ки ин як ҳолати вазнин ва дар ниҳоят робитаи ин дуро ба таври куллӣ муайян месозад.

Мо кормандони марказ ин тоифаи бадкешро маҳкум намуда, террористони наҳзатӣ ва террористонӣ ихвониро лаънат мехонем ва ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки фирефтаи ин авбошон нашаванд.