ТЕРРОРИСТ ВАТАН НАДОРАД

        Терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи падидаҳои даҳшатноки чаҳони муосир буда, оқибатҳои фалокатовари он кулли сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст.

   Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум, аз саҳроҳои кору меҳнат ба майдони ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, бо лавозимоти ҷангӣ таъмин намудан, маблағгузорӣ намудан, рушди афкори мазҳабӣ аз тарафи кишварҳои бо ном дӯст ба анҷом расида истодааст.

   Аслан амали тарғиботи ғаразноки давлатҳои Ғарб нисбати арзишҳои дини ислом буда, торафт боиси нооромӣ ва норозигии аҳолии давлатҳои исломӣ гардида истодааст, ки аксарияти онҳо ба дини ислом пайравӣ намуда, бо расму суннат ва фарҳанги ислом ҳамқаринанд. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад.

    Имрӯз терроризм ва экзтремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар яки сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экзтремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

     Дар бораи тинати нопоку омоли хатарбори ин ҳама гурӯҳҳои зиддибашарӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмиллалии сатҳи баланд, ки аввали моҳи май таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, хеле батафсил ва саҳеҳу пурдалел суханронӣ карда, махсус таъкид намуданд, ки “таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар  сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб мераванд”.

   Имрӯз вусъатёбии амалиёти пурзиёни гурӯҳҳои террористиву тундгаро, чун ба ном “Давлати исломӣ”, “Алқоида”, “Толибон”ва монанди инҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

   Чандест, ки сафи террористонро неруи дигари тахрибкору хурофотӣ-ташкилоти террористию экстремиистии Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон афзунтар кардааст. Ин созмони хатарзо дар кишвари мо амалиёти зиёди зиёноварро анҷом дода, ба таҳдиду куштор ва таъқибу озор машғул шуда, оқибат фош гардиду як зумра хоҷагонаш рӯ ба фирор оварданд. Акнун ин гирифторони нафрату лаънати аҳли ватан, ба халқу миллат шиорашон гашта. Аммо ҳеҷ шаку шубҳае нест, ки фаъолияти онҳо дер намекашад, зеро ба қавли маъруф, “бори каҷ ба манзил намерасад”. Бузугонамон гуфтаанд:

                          Роҳро бад марав, ки бад афтӣ,

                          Чоҳ дар роҳ макан, ки худ афтӣ

   Табиист, ки кулли ифротгароён нафратзадагонанд ва аҳли сайёра, ҷомеаи солимфикру сулҳпарвар онҳоро пайваста маҳкум мекунанд. Дар оянда бояд сафи тамоми гурӯҳҳои тахрибкор марҳила ба марҳила коҳиш дода, тадриҷан ба нестӣ расонида шавад. Барои ин роҳҳои гуногуни муқовимат ва муборизаро муайян кардаанд. Дар ин миён муҳимтарин , самаровартарин роҳи мубориза бар зидди ифротиён ва бадниҳодон тақвият бахшидани тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон аст. Ватандӯстӣ ҳисси воло ва нерӯи тавоност ва оне, ки Ватанро самимона дӯст медорад, ҳаргиз ба хиёнат рӯ намеорад, бар зидди Ватан амале содир намекунад, бонангу номус мешавад.

  Созмону ташкилотҳои террористию ифротгаро имрӯз дар тарғиби ғояҳою ҳадафҳои нопоки худ аз василаҳои гуногун истифода мебаранд ва пеш аз ҳама, олуда кардани мафкураи ҷавононро ҳадаф қарор додаанд. Онҳо аз ноогаҳӣ, камтаҷрибагӣ калавиш ва ноустувории гурӯҳе аз ҷавонон истифода бурдан мехоҳанд.  Дар ин самт яке аз силоҳҳои асосии ифротиён шабакаи Интернет мебошад. Бо назардошти ин, мо бояд бештар ҳамкорӣ дошта бошем ва таълиму тарбияи ҷавононро пурсамартар ба роҳ монем, онҳоро сари вақт аз аслу тинати зишти террористон, ифротгароён, хурофотиён ба таври муассир огоҳ намоем. Дар ДКМТ чун ҳар мактаби олӣ маъвои ҷавонон аст, ба ин ҳама масоили умдаи рӯз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Бисёр хушнуду қаноатмандем, ки шогирдони мо худогоҳу ватандӯст ва баору номусанд. Ба равандҳои ҷаҳонӣ, аъмоли махуф ва ҳадафҳои пурзиёни гурӯҳҳои тундгарою ифротгар хуб сарфаҳм мераванд.

Мирхолиқова М.А.

   муаллими калони кафедраи ФТИ