Омӯзиши нуктаҳои Паёми пешвои миллат

Санаи 17.01.2020 дар синфхонаи 342 омӯзиши  нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 26.12.2019  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа  гардид баргузор намудем. Дар ҷамъомад шуъбаю сохторҳои донишкада, мутахассиси бахши кор бо ҷавонони ш.Бустон Самадов Абдурашид Абдусамиевич, ҳайати пурраи омӯзгорон ва  кормандони факултет даъват шудаанд ва дар ҷамъомад ҳузур доштанд. Дар мавзӯи «Самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  декани факултет Умарҷонов  А.А., муовини декан оид ба тарбия  Ғоибов  А. Ё. баромад намуданд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муаян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурусти, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта буданд шарҳ дода шуд.

 

 

                     Ғоибов А.Ё

муовини декан оид ба тарбия