Чандест дар расонаҳо роҳбари террористони ТТЭ ҲНИ М. Кабирии малъун худро ҳомиёни муҳоҷирон ва ҳамватанон пиндошта, нашқофарӣ мекунад. Аммо дар асл бошад, ин палиди малъун ва террористи молпараст аз хоҷагони хориҷияш маблағ гирифта, кӯшиш мекунад, ки ҷавонони кишварро гумроҳ созад.
Ӯ ба хотири пинҳон намудани ҷиноятҳои солҳои қабл содирнамудаи худаш ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкилоти нави террористӣ-экстремистии ПМТ-ро дар Аврупо таъсис дод, ки тибқи иттилои мавҷуда, маблағгзуорӣ ва харҷи он аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон пардохт гардидааст.
Аз рӯйи маълумотҳо хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон аз соли 2016 то соли 2018 ба суратҳисоби М. Кабирии террорист 2 миллиону 300 ҳазор доллар гузаронидааст.
Мо, устодони кафедра ин рафтори палидонаву хиёнаткоронаи Кабирии малъунро маҳкум намуда, ӯро хоин ва душмани миллати тоҷик меҳисобем.