«ДЕМОКРАТИЯ» ВА ТЕРРОРИЗМ

Инсоният аз давраи пайдоиши худ ҳамеша барои азхуд ва кашф намудани заминҳои нав кӯшиш менамуд. Ин аз як тараф барои васеъ намудани ҳудуди истиқомат ва васеъ кардани манбаъҳои рӯзгузаронӣ бошад, аз тарафи дигар омӯхтан ва донистани дигар минтақаҳо буд.

Аз таърих медонем, ки халқи пешрафтаи Аврупо қитъаҳои дигари кураи Замин – Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва дигар ҷазираҳои гуногунро кашф намудааст ва зери тасарруфи худ гирифтааст. Агар қисме аз аҳолии таҳҷоии ин музофотҳо аврупоиҳоро ба хушӣ пазируфта бошад, қисми дигари он ин мустамликагароёнро бо тиру туфанг пешвоз гирифтанд. Агар гӯем, ки аврупоиҳои «пешрафта» ба терроризм асос гузоштаанд, шубҳа нахоҳад шуд.

Ё мисоли дигари пайдоиши терроризм ин ҷанги Шимол ва Ҷануби Америка, ки боиси қир намудани ҳазорҳо сурхпӯстону сиёҳпӯстон гардид ва гӯё демократияро барқарор намуданд, шуда метавонад.

Агар нобуд кардани китобҳои нодири гузаштагони мо, ки аҷнабиёни гуногун ба худ раво донистааанд, низ як навъ тарроризми маънавӣ ҳисобидан мумкин аст.

Хулоса, терроризм аз давраи пайдоиши инсоният вуҷуд дорад, фақат вобаста ба давраҳои рушди ҷамъият ба намудҳои гуногун зоҳир мегардад.

Сабаби асосии пайдоиши терроризм – ин дахолати давлатҳои абарқудрат ба фаъолияти давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи аҳолии давлатҳои рӯ ба тараққӣ оварда мебошад.

Саволе ба миён меояд, чаро мамлакатҳои пешрафта ва блоки ҳарбии НАТО худро ҳамчун воридкунандаи ба ном «демократия» эълон кардаанд? Магар содироти демократияи онҳо ба мамлакатҳои Ироқ, Лубнон, Афғонистон ва ғ. рӯзи некӣ овард? Ҳазорҳо аҳолии осоишта ҳалок гардиданд, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, фарҳангию маишӣ валангор гардиданд, занҳо бефарзанду бешавҳар монданд, кӯдакони бегуноҳ дунёро тарк карданд. Ин демократия ё терроризм аст ё ин ба номгузории зӯроварон вобаста аст.

Ин рафтори «нек» – и «соҳибон» – и демократия боиси пайдошавии мамлакати ба ном исломӣ ва гурезагони зиёде, ки рӯ ба мамлакатҳои Аврупо оварданд, гардид. Корчалонии ин демократияҷуёнро бинед, ки аввал хонаи касеро вайрон карда, сипас ба онҳо меҳрубонӣ ҳам мекунанд.

Саволҳои дигаре шахсро ба тааҷуб меоранд. Чаро “демократия” бештар ба мамлакатҳои Шақи Наздик ва Африқои Шимолӣ “интиқол” мешавад? Чаро чунин сохти афсонавиро худ надошта, онро мехоҳанд бештар ба сари мусулмонон бор кунанд? Мақсади асосии онҳо мустамлика кардани ин мамлакатҳо ва соҳиб шудан ба сарватҳои табии онҳо, пеш аз ҳама нафт, мебошад. Барои ба мақсадҳои нохалафонаи худ ноил гардидан онҳо моҳирона аз эътиқоди аҳолии ин давлатҳо истифода мебаранд. Махсусан зиддияти  байниҳамдигарии маҳзабҳои гуногуни дини мубини ислом аз ҷониби ин аҷнабиён хеле хуб истифода мешавад. Аз ин зиддиятҳо моҳирона истифода бурда, ҳар ду ҷонибро яроқнок менамоянд. Бо тамоми роҳҳо онҳое, ки ба манфиатҳои Ғарбиён мувофиқанд, ба сари ҳокимият меоранд ва озодона ба мақсадҳои ғоратгарии худ соҳиб мешаванд. Ҷонибе, ки дар ин талошҳо мағлуб гардидааст, бо яроқҳое, ки худи онҳо “тақдим” намудаанд ба террор машғул мешавад, яъне қасосгирӣ мекунад. Агар онҳо бо яроқҳои замонавӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрат таъмин нашаванд ва истифодаи ин яроқҳоро аз онҳо наомӯзанд, чӣ тавр даст ба  террор зада метавонанд.

Ба наздикӣ парламенти Ироқ қарор қабул намуд, ки мувофиқи он бояд ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин мамлакати ҷабрдидаро тарк кунанд, базаҳои ҳарбӣ бояд бартараф карда шавад. Дар ҷавоб Президенти Амрико Доналд Трамп қайд намуд, ин кор пас аз пардохти мамлакати Ироқ барои бунёди базаҳои ҳарбӣ анҷом дода хоҳад шуд. Ин аст демократия, ки мамлакати тамоман осоиштаро бомбаборон карда, Президенти онро мувофиқи қонунҳои асримиёнагӣ (бо бадоровезӣ) қатл менамояд, ҳазорон аҳолии осоиштаро мекушанд (то ҳол ҳисоби саҳеҳ мавҷуд нест) ва аз ин мамлакати ҷабрдида берун нарафта, амали мақсадҳои нопоки худро давом медиҳанд. Ин аст демократияи Амрико.

Тавассути мушак ба қатл расонидани генерали эронӣ (шахси мансабдори давлатӣ) дар вақти иҷрои хизматҳои давлатӣ дар мамлакати сеюм бе ягон қарори суди байналмилалӣ бо фармони шахсии Президенти Амрико Доналд Трамп ин чӣ гуна амалиёт аст – террор ё ҳимояи манфиатҳои давлати худ. Агар ягон генерали онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба қатл расонида мешуд, ин амалиёт чӣ ном мегирифт, чаро Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои пешрафтаи дунё хомӯшанд? Дар натиҷаи муташшаниҷ шудани ҳолат дар ин минтақа Ҳарбиёни Эрон ба саҳв роҳ дода, бо мӯшак ба тайёраи мусофиркашонии Украина, ки дар он шаҳрвандони мамлакатҳои гуногун парвоз мекарданд, ҳуҷум карда, боиси марги 169 нафар одамон гардиданд.  Ин марги одамонро абарқудратҳо чӣ меномида бошанд?

Илова ба ин ба Эрон таҳдид карданд, ки агар зарур шавад, онҳо ёдгориҳои қадимаи фарҳангиро нобуд хоҳанд кард, яъне барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ онҳо тайёранд осори фарҳангии ҷаҳониро нобуд кунанд, инро террори фарҳангӣ меномидагистанд?  Афсӯс ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин таҳдидҳо даҳон ба хомӯшӣ бурдааст, яъне зӯр ҳамеша ҳақ аст.

Маълум аст, ки қисме аз мамлакатҳои Ғарб аз имзои Созишномаи байналмилалӣ оид ба пешгирии гармшавии иқлими кураи Замин даст кашиданд, чунки асосан аз фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноатии онҳо партовҳои беҳисоб ба муҳити атроф хориҷ карда мешавад. Агар инро мусоидат ба терроризми экологӣ ном барем, хато намешавад?

Чаро онҳо чунин демократияро ба мамлакатҳои Қатар, Арабистони Саудӣ, Қувайт ва дигар давлатҳое, ки сохти асримиёнагӣ доранд, раво намебинанд.

Мамлакатҳое, ки онҳоро ба хок яксон карданд ба демократияи сохта ва мақсадҳои ғораткунии мамлакатҳои Ғарб эҳтиёҷ надоштанд.

Мо тарафдори терроризм нестем, баръакс онро ҳамаҷониба маҳкум мекунем, лекин мехоҳем сабабҳои терроризмро таҳлил намоем. Мамлакатҳои абарқудрат ба ҳаёти дигар мамлакатҳо дахолати яроқнок намуда, осоиштагии аҳолии онро барҳам медиҳанд. Мамлакатҳои ҷабрдида ба ҳуҷуми якҷояи онҳо муқобилияти ҳарбӣ карда наметавонанд. Шахсе, ки имрӯз оилаи хушбахту фарзандон, ҷои кори муносиб дошт, аз дасти деморатиякунҳо бе хонаю дар, оилаю фарзанд, ҷои кор, хешу ақрабо монда, ҳатто аз ватан маҳрум шуд, кӣ бояд шавад, чӣ тавр қасоси худро аз шахсони дурӯя ситонад, яъне ягона вай метавонад бо роҳҳои гуногуни қасосгириро истифода кунад. Аз тарафи дигар агар ин демократияҷӯйҳо ҳазорҳо нафарро нобуд кунанд, инро терроризм намегӯянд, як шахс як – ду ё зиёдтар аз онро нобуд кунад, онро террорист эълон карда, ба тамоми ҷаҳон эълон мекунанд. Истифодабарии стандартҳои дурӯя – ин аст кори аҷнабиён барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ.

Кӯштори як инсон гуноҳи нобахшиданист, яъне шахсе, ки ба чунин кор даст мезанад, вай одам нест. Ягон дин, аз ҷумла ислом кӯштори одамонро тарғиб накарда, баръакс онро маҳкум менамояд. Террорист дину миллат надорад.

Боз як кори «хайрхоҳона» -и демократияҷӯйҳо ин бо яроқҳои гуногун мусаллаҳ кардани гуруҳҳои иғвогари ҷангххоҳ мебошад, ки натиҷаи он низ барои паҳн гардидани терроризм мусоидат менамояд.

Се калимае, ки бо ҳарфи «З» оғоз меёбад (зар, зан, замин) боиси сар задани ҷангҳо шудааст. Имрӯз бошад сарват ва замин асоси ҳамаи нохушиҳо гардидааст.

Муттаасифона, чунин амалҳои ғайриинсонӣ дар дигар минтақаҳо низ такрор шуда истодаанд.

Халқи тоҷик дар таърихи худ борҳо ҳуҷумҳои хунхоронаи аҷнабиёнро аз сар гузаронидааст, ки онҳо нияти нобуд кардани халқи тоҷдори тоҷик, мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии уро доштанд. Хушбахтона, халқи мо бо фарҳанг ва инсонияти баланд ҳамаи ҳуҷумҳои хунхоронро бартараф намуд. Солҳои 90 – уми асри гузашта дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дасти нопоки аҷнабиёни хориҷӣ ҷой дошт. Мардуми сарбаланди тоҷик ин рӯзҳои мадҳушро аз сар гузаронд.

Пас аз Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ ва раиси Шурои Олӣ интихоб шудани Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд, халқи тоҷик бо меҳнати офаранда ба ободкории ватан шурӯъ намуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 омадааст: “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.”

Мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ диҳем, ки дар Ватани азизи мо дигар ҳодисаҳои нангини солҳои 90 – уми асри гузашта такрор наёбанд. Барои ба даст овардани ниятҳои нек ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз таърих, дастовардҳо ва фарҳанги гузаштагони худ огоҳ бошад.

Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар дар ин бора таъкид намуданд: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.”

“…Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.”

Албатта, мо бо гузаштагони мутафаккири худ ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Умари Хайём, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ ва ғ. фахр кунем, вале кӯшиш намоем, ки чунин донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ имрӯз ва дар оянда низ тарбия ва ба камол расанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар мамлакатҳои дунё бо номи неки созандагӣ, ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ пеш рафта истодааст.

Мо бояд аз ин рӯзгори ободу осуда шукргузорӣ кунем, пайваста барои обод кардани ватан кӯшиш намоем, ба ҳолатҳои носазои терророистию ифротгароӣ бетараф набошем.

Бобоев Р.М 

муаллими калони кафедраи

ташкили ҳамлу нақл