ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КККФ:ҲАМСОЯДОРӢ ВА ОИНИ НЕКИ ИНСОНӢ

Аз қадимулайём мардуми тоҷик инсонҳои хайрхоҳу саховатманд буданд ва ҳар амалу рафтори худро дар чаҳорчӯбаи қоидаву қонунҳои муқарраргардидаи инсонӣ ба роҳ мемонданд ва имрӯз низ ин анъанаҳои нек ва ҳамида дар ҷибилати мардуми мо сиришта гардидааст. Вобаста ба нофаҳмиву иғвоангезиҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастанд албатта моро ҳамчун мардуми сулҳхоҳу некбин бетараф гузошта наметавонад. Албатта таърих исботгар аст, ки сокинони наздимарзии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мардуми ҷамоати Чоркуҳ ва Ворӯхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони собиқ Шӯравӣ рафту омади некбинона доштанд ва дар маросими хурсандиву мотами ҳамдигар шодишарику ғамшарик буданд. Ҳатто баъзе аз ин сокинон дар мактабҳои тоҷикӣ омада таҳсил кардаанд. Лекин имрӯзҳо номуросогии ин ду ҳамсоя, ки бештар аз ҷониби ҳамсояҳои номуросои мо бо шиканҷаи сокинони маҳаллӣ ва бетарафии насли калонсоли қирғиз ба вуқуъ мепайвандад, хеле боиси таассуф аст. Бузурге беҳуда намегӯяд, ки:

                              Ҳар ки ҳамсоя зи худ дилхаста кард,

                              Ҳафт дари ҷаннат ба рӯяш баста кард.

          Истифодаи яроқҳои шикорӣ аз ҷониби шаҳрвандони қирғиз ба сӯи сокинони осоиштаи тоҷик ва ҷароҳатдор кардани ин сокинони осуда амали ҷавонмардона нест.  Таърих исботгар аст, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ ба хоки бегона аз сари кинаву адоват камону ханҷар ва тиру туфанг истифода накарда буд. Моро аз ҷангу хунрезиҳои шадиди таърихӣ адабиёт ва фарҳанги ғанӣ ҳифз намуд ва нагузошт, ки бо ҳама зулму ситами аҷнабиён мо таърих ва адабиёти кишвари худро аз даст диҳем. Моро адабиёти омӯзанда ва асарҳои гаронарзишу пурғановат ба роҳи дуруст раҳсипор гардидан, изату икроми ҳамсояву ҳамсоядорӣ ва ҳифзи шарафу номӯс ва нанги ватандорӣ доштанро талқин кардааст.

          Мо амалҳои беадабона ва ғайриинсонии дар сарҳад аз ҷониби ҳамсояҳои қирғиз рухдодаро маҳкум менамоем ва ҳамзистиро бо одоби неки ҳамсоядорӣ талқин менамоем.