МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ СУЛҲОВАР

Имрўз яке аз мушкилотҳои пурхатаре, ки ҷомеаи башариятро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб, аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рўйи кор омадани гурўҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Ин омилҳои номатлуб, ки ҳамарўза дар ҳаёти инсоният чун заҳрпечак арзи вуҷуд карда истодааст саркардагони онҳо саъю талош менамоянд, ки нақшаҳои ифротонаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда бо ин васила инсонҳоро ба худ тобеъ созанд.

               Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, сари ин масъалаи фалокатбор аз ҷумла таъкид намуда буданд: «Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Аз ин лиҳоз, санаи 15-уми январи соли ҷорӣ дар пойтахти ватани азизамон шаҳри Душанбе сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот ба Тоҷикистон доир гардид. Зимни сафар, мулоқоти ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор шуд. Мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.

Албатта, дар шароити ҳозира чунин мулоқотҳо хеле зарур аст, чунки мо дида истодаем, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари терроризму экстримизм ба таҳлука афтодааст. Сарҷамъи нисбати ин вабои аср айни муддаост.

Мо тарафдори онем, ки на танҳо Афғонистону Тоҷикистон, балки тамоми мамлакатҳои абарқудрат нисбати ин масъала ҷиддӣ назар намуда, ҳамҷоя бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза баранд. Афсус, ки қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни хориҷӣ ба майдони ҳарбӣ табдил ёфтааст. Ин ҳолат, боиси эҷоди хавфу хатар барои кишвари мо низ мебошад. Хушбахтона, тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамкориҳо барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид карданд.

           Имрӯз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст.

Мо мардуми тоҷик соҳиби пурарзиштарин неъматем – дар зиндагӣ соҳиби истиқлолияти давлатием. Ба қадри ин неъмат, ки моро соҳиби муқаддастарин арзиш давлату давлатдорӣ намуда, як давлати миллӣ ва пуриқтидор сохта истодаем, ҳифзи он вазифаи бо масъули ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Маҳз бояд қайд кард ки дар ин росто нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо аҳли зиё ин дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавонони кишвар буда, дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, дарёфти роҳи коҳиш додани ин падидаҳои нангини аср ба шумор меравад.

Валиева М.

сардори шуъбаи магистратура

ва аспирантураи ДКМТ