Пешвои муаззами миллат борҳо дар баромадҳояшон қайд карданд, ки «тероризм ватан,миллат ва мазҳаб надорад».Солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна дар зери ниқоби дини мубини ислом ба амалҳои нангини террористӣ мезананд. Барои тарѓиби ѓояҳои худ онҳо аз шабакаҳои иљтимоӣ васеъ истифода мебаранд.Ба ин гуна ҳизб ТТЭ ҲНИ низ дохил мешавад. Чуноне,ки ба ҳамагон маълум аст Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 “ҲНИ” -ро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд. Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар асл, роҳ сӯи терроризм ва экстремизм аст. Хатарҳои он мазмуну муҳтавои тундгароиро дошта, ба кишвар таҳдид мерасонад. Азбаски дар Тоҷикистон дигар ба ин ҳизби ифротгар касе таваљљӯҳ надорад ,акнун онҳо фаъолияташонро дар хориљи кишвар ба роҳ мондааст. Ҷараёни бошиддати фаъолияти ТЭТ ҲНИ ба кишвари мо таъсири манфӣ расонида, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одати бегонагонро ворид сохт, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф намуд. Натиҷаи он ҳама вақт манфӣ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур, эътироз ва муқобилиятро ба миён овард. Аъмоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардид. Соли 1997 баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон созишномаи истиқрори сулҳ баста шудан , як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуда буд,ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиқи он ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухатлифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале ҲНИТ дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонуни касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намояд. Ва минбаъд аз ҳамин роҳ ин ҳизб тавонист низоми давлатдории дунявиро бадном созад ва аз мақомоти қонунгузорию қудратӣ барои амалисозии андешаҳои динӣ-сиёсии худ суистифода карда, бо ҳамин амалҳо созишномаи сулҳро, ки мувофиқи он ҲНИ давлати дунявиро эътироф карда буд, поймол кард. Баъди вафоти роҳбари онвақтаи ҲНИТ Саид Абдуллои Нурӣ муносибати аъзоёни ин ҳизб бо ҳукумат дигаргун шудан гирифт ва он боиси ошӯби ҲНИТ бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 гардид. Бояд қайд кард, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. Ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда ва ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳанги волои маънавӣ-ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар хизмати нерӯҳои манфиатхоҳ дар минтақа қарор гирад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон китоби муқаддаси Ќуръон ба забони тољикӣ тарљима карда шуда , ройгон ба муассисаҳои давлатӣ ва таълимию фарҳангӣ тақсим карда дода шудааст, ба ѓайр аз ин бо супориши он кас китобҳои ҳадиси набавӣ ва китобҳои фиқҳии мазҳаби «Имоми Аъзам» ба забони тољикӣ тарљима карда шуда, озодона ба фурӯш гузошта шудааст. Ин ѓамхории Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон нисбати ҳар як фарди соҳибақли мусалмони муқими кишварамон мебошад. Акнун ҳар кас метавонад бо асли дини мубини ислом шинос гардад ва аз ақидаҳои ху-рофотие,ки пештар мављуд буд, дур гардад.
Толибшоева С.О.
лаборанти калони кафедраи
фанҳои табиӣ – илмии ДКМТ.