ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бар зидди афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ, ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишварҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид намудан дар робитаи байни дигар кишварҳо мебошад.

      Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмҳои сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва донишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона гардиданд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он ба пеш меояд. Бинобар ин, таҳқиқ ва баррасии экстремизм- зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ ва ҷангҷӯёна дорад. Ин амалу зуҳуротҳои он  дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш таъсир расонида метавонад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошт, ки монеаи ташаккул ва рушди ҷомеаи ороми ҷаҳонӣ гардид. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала, ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат чораҳо андешида, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд.Воқеан, имрузҳо таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони исломӣ таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста гардидааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши асосии онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа барои муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ мерасонад. Ин падидаи манфӣ имрӯз, яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда шудааст.

Мақомотҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол карда истодааст.

Имрӯзҳо аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё то рафт  паҳн гашта  истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хавфу хатар ва натиҷаҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо дар зери  таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарордошта ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа аст, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан бо ҳадафҳои нопоки худ ва тарғиби тундгароӣ дар ҷомеаи динию мазҳабии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан, ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро, ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта гардидааст, вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки аз он Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беканор намондааст.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ дошта, мубориза бар зидди он – ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳуротҳо сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар  вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои номатлуб лозим аст.

Терроризм ва экстремизм ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мерасонад. Дар чунин шароит, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил дода­ни низоми  ягона ва муосири мубори­за бар зидди терроризм ва эк­стремизмро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм – ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид намудани ҳамаи кишварҳои дунёро бар зидди терроризм ва эк­стремизмро ҳамчун хатари байналмиллалӣ тақозо менамояд.
Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои  аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути  мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд,ки натиҷаҳои ногувори он амалӣ нагардад. Бо ин мақсад, аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”  ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуротҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ҳол он ки ин зуҳуротҳо ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода ҳастем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳли ҷомеа бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши ин роҳи ифротгароён,таблиғгарони ин зуҳуроти терроризм ва экстремизм гирифта шавад,то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ орому осуда ва бехавфу хатар барои рушду нумуи кишвари худ хизмат намояд.

 

 

Руйхати адабиётҳо:

1.Авдеев В. А. Механизм противодействия преступлениям террористического характера и экстремистской направленности в Российской Федерации  / В.А. Авдеев, О.А. Авдеева // Юридический мир. – 2014. – № 12.– С. 59–63.

2.Аккаева Х.А. Правовые  и организационные  основы деятельности ОВД по противодействию преступлениям террористического характера // Бизнес в законе. – 2014. – № 2. – С. 251–253.

3.Алешин В. В. О некоторых правовых аспектах осуществления режима контртеррористической операции // Право и образование.– 2014.–№ 9. – С. 117–126.

4.Алибекова Е. А.  Проблемы уголовной ответственности и наказания за содействие террористической деятельности // “Черные дыры” в Российском Законодательстве.– 2014. –№ 6. –С. 60–62.

5.Ахмадов Ч. Я.  Основные направления совершенствования организационных  основ взаимодействия органов внутренних дел с общественными организациями и средствами массовой информации в ходе подготовки и проведения контртеррористической операции // “Черные дыры” в Российском Законодательстве. – 2014. –№ 2.– С. 112–116.

Эшонқулов И.А.,

 Саидова Ф.И.

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон