ҚОНФЕТИ СУЛАЙМОНӢ БА КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ

(дар ҳошияи марги Қосим Сулаймонӣ….)

Чанде қабл бо кадом далиле нерӯҳои амрикоӣ марги Қосим Сулаймониро ба дӯш гирифтанд ва аз ӯ ҳамчун як террорист ёдовар шуданд, ки барои ин чандин далел ва фактҳо низ доранду нашр шудааст. Аммо иддае аз мардум ва махсусан рӯзноманигорону равшанфикрони тоҷик, ки аксарияти онҳо бо ҳукумати Эрон вобастаанд, ин амали Амрикоро як иштибоҳ ва террор хонданд. Лек ҳарчанд, ки Амрико исботу далел овард, ки Сулаймонӣ барои ноором кардани ҳаёти осоиштаи чанд кишвари Ховар гунаҳкор мешавад, аммо касеро парво набуд ва ҳама якмаром думболи ҳамин чанд ҷумлаи аз кадом навиштае копӣ шуда, мегаштанд ва ҳамонро гаштаю баргашта бознашр менамуданду войдод хонд.

Аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ низ бар ин ҳодиса мотам гирифта дар сомонаҳояшон чандин хабарро роҷеъ ба марги Сулаймонӣ, ки як террорист унвон мешавад, дар сомонаҳои худ ва дар саҳифаҳои расмияшон ҷой доданд.

Аслан агар аз диди воқеият бингарем, ин наҳзатиёни палид вазифадор ҳастанд, ки Сулаймониро сафед кунанд ва қаҳрамон хонанд. Лек чаро рӯзноманигорони кишвари мо ба ин масъала аз диди воқеият наменигаранд ва ё ҳаёти сокинони Яман, Ироқ, Сурия ва Лубнон, ки дар ин ҷо Сулаймонӣ гурӯҳҳои террористиро барои табаддулоти давлатӣ сарпарастӣ мекард, барои ҷомеаи кишвар муҳим нест??

Агар Сулаймонӣ як мусалмон аст, пас сокинони Яману Ироқ ва Сурияву Лубнон мусалмон нест???

Агар аз ин зовия бингарем ва амалкарди Амрикоро иштибоҳӣ бишмарем, пас амалкарди Сулаймониро чаро таҳқиқ накунем? Ва ё Сулаймонӣ бар ин ҳақ дорад, ки садҳо хонаводаи мусалмонро хору залил кунад ва сарсону саргардон кунаду мо фақат ӯро қаҳрамон бигӯем??

Он вақт панди бузургвор Саъдӣ чӣ мешавад, ки гуфта буд:

Банӣ одам аъзои якдигар аст

Ки дар офариниш зи як гавҳар аст..

Мо бояд ба ҳар як масъала аз нигоҳи ақлу хирад ва баназрагирифти воқеимят баҳо бидиҳем, на ин ки чанд умумиятро ба инобат гирем. Агар форсизабонон бо мо гузаштаи таърихӣ доштанд ва онҳоро ҳамчун бародари ҳамзабон мешиносем, ин маънои онро надорад, ки ин бародари ҳамзабон террорист бошаду, террористпарварб кнуаду мо онро боз ҳам ба навъи ширинтар бародар бигӯем. Балки он бародар агар террорист аст, он дигар бародари мо нест ва дигар он фарзанди инсон ҳам нес. Ва ё баъзе равшанфикрони мо террорист ҳастанд, ки Сулаймониро бародар мехонанд?

Ҳамин бародари эронӣ буданд, ки солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ-ро сармоягузорӣ карданд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд ва ҳамин бародарони ҳамзабон буданд, ки ҷони зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди бегуноҳро гирифтанд. Пас мо ҳоло ҳам бародарем ва ё бародари террористем???!!

Ақл бояд ҳамеша мададгори инсон бошад ва фаҳму дарк бояд барои таҳлил бошад на барои чоплусиву гумроҳмозии мардум.

Дар мисоли наҳзатиёни палид шояд ин гуфта дигар шавад, зеро наҳзатиёни палид террорист ҳастанд ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки роҳбари худро бо навъе аз қаҳрамонсозӣ ба он дунё фиристанд.  Ба ибораи дигар бигӯем Сулаймонӣ замоне барои террористаки нозпарвараш Кабирии малъун қонфет медод, то ин террористак террористи бузург шаваду ба миллати тоҷик бештар хиёнат кунад ва ҳамаи супоришҳои террористпарваронро иҷро созад.Лек шаҳрвандони дигар бояд дуруст хулосабарорӣ кунанд, то ба мафкураи солим таъсири манфӣ нарасонанд.

Чун аз дидгоҳи дигар бингарем, агар воқеан ҳам ҳукумати охундӣ лоиқ ба тарафдориву таъриф аст ва Амрико душмани инсону инсонбадбин аст, пас ҷони як нафар Сулаймонӣ болотар аз ҷони 180 нафар сокинони Украина, Эрон, Канада ва Афғонистон аст, ки дар тайёрае бо мушаки эронӣ зери ҳамла қарор гирифтануд несту нобуд шуданд???

Акнун кани он нафароне, ки бигӯянд, Эрон ва ҳукумати охундӣ ҳам террорист аст ва ин амали низомиёни эронӣ амлаи террористист!!! Мутаассифона касе ба ин масъала таваҷҷуҳ накард ва ҳама лаб вобастанд, ки ин ҳамон рӯйи сиёҳу забони харидашудаву чоплусона асту халос.

Яъне ҳамин тарафгирии баъзе рӯзномагирону афроди чоплус аст, ки терроризм рӯз аз рӯз ршд мекунад ва гурӯҳҳои террористӣ бештар мешавад ва он вақт мо гуноҳи худро ба гардани Амрикову дигар кишварҳо мезанем, дар ҳоле, ки рӯирост як тайёра одамро мушаки низомиёни эронӣ ба хок яксон мекунаду мо ҳанӯз ҳам шиори эрониёни мазлумро, ки мегӯянд: “Мардум нон мехоҳад, охунд тилло мехоҳад”-ро фаромӯш кардаву думболи шиори сохтаву бофтаи “Марг бар Амрико” мегардем, он вақт чӣ зарурате ба одам будани мо мемонад??!!

Мурод Азизпур

Омӯзгори ДКМТ