Дар Паёми Роҳбари давлат дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид.
Он воқеаҳое, ки дар Сурия ва Ироқ сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохт. Амалҳои террористию экстремистӣ ҳамагонро ҳушдор месозад, ки хомӯшу бетараф набошем ва мавқеи инсонгароёнаи худро муайян кунем. Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиори «ҷиҳод» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дигар таҳмил созанд. Ҳамчунин, мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд. Рафтори дагалона гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус, дар гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода мебаранд. Аслан, чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ.
Аз солҳои аввали фаъолияташ, бо инқилоби исломӣ дар Эрон ва роҳбарони он диққат ва пайравии бисёр дошт. Дар байни аксари роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба шахсияти калони олами шиъа, роҳбари инқилоби Эрон Оятулло Ҳумайнӣ муридӣ ҷой дошта, вайро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам Ҳумайниро дар байни худашон хамин хел меноманд. Ба ҷойи Қуръону суннат китобҳои мазҳаби шиъаро мехонданд. Баъзе наҳзатиҳо дар васфи Ҳумайнӣ чандин шеър ва рубоиёт навишта буданд, ки дар рўзномаашон чоп шудааст.
Факти диққатҷаблкунанда ҳамин аст, ки аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ фарзандони худро бо номи имомони мазҳаби шиъа, домуллоҳои калони шиъа ва роҳбарони калони инқилоби Эрон номгузорӣ кардаанд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эрон аст, ки барои тоҷикон умуман ин номгузорӣ хос нест. Ин далелҳои оддӣ пайравии роҳбарони ТТЭ ҲНИ нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиаъро нишон медиҳад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба Эрон гурехта, ба оилаҳои худашон дар ин кишвар умр ба сар бурдаанд. Дар ин давра садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилоти террористӣ – эекстремистӣ дар мадрасаҳои динии шиъагӣ дар Эрон дарс хонда, ба мазҳаби шиъа даромаданд. Тамоми таъминоти моли- моддӣ аз тарафи марказҳои мазҳаби шиъа таъмин мешуд.
Ҳамин хел аст, ки ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халки тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Онҳо ҷойгоҳи худашонро дар байни халқи мусалмони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пурра аз даст додаанд, зеро ки халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурўшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш Абў Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дўст медорад, ин наҳзатиҳои мазҳабфурўшро маҳкум мекунад.
Ин масъала, албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Ҳоло вакти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.
Шомил шудани ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои номатлуб аз нуктаи назари сиёсатшиносон чунин омилҳо таъсир мерасонад:
– шомилшавӣ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ;
– шомилшавӣ бо роҳи ширкатҳоои сайёҳӣ;
– шомилшавӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ;
Ҷавонони давлати мо бояд огоҳ бошанд, ки симои аслии ҳизбҳои ғайриконунӣ ба исломи асил ва суннатҳои он мувофиқатӣ надорад.
Мо бояд, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ машғул намоем, ки то ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Мақсади ташфиқот дар он аст, ки ҳаракатҳои ғайриқонуни пурра нест карда шавад.
Пас маълум аст, ки масҳабфурўшони наҳзатӣ дигар ҳаргиз ҳак надоранд, ки аз номи миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон сухан гўянд. Халқи Тоҷикистон аз ватанфурўшону мазҳабфурўшон безор аст.
Саидов М.К.
номзади илмҳои иқтисодӣ,
муовини декани факултети металлургия оид ба илм