ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-ИЛМӢ: ТТЭ ҲНИ ҲИЗБИ ИФРОТГАРО.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд карданд, ки «тероризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад». Солҳои охир гурӯҳҳо  ва ҳизбу  ҳаракатҳои ифротгароёна дар зери ниқоби дини мубини ислом ба амалҳои нангини террористӣ даст мезананд. Барои тарғиби ғояҳои худ онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.Ба ин гуна ҳизб ТТЭ  ҲНИ низ дохил мешавад. Ҷавонони гумроҳе , ки аз асли дини мубини ислом бехабаранд, фирефтаи ваъдаҳои онҳо мегарданд. Аъзои ҲНИ хуб медонанд,ки фирефтани як қисм мардум осонтар аст, зеро онҳо на ба амал, балки ба суханони болохонадору фиребандаи роҳбарони ТТЭ ҲНИ зудтар бовар мекунанд, вале хушбахтона, ки хуб медонанд, дини мубини ислом муқобили инсонҳои  худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро  маҳкум менамояд.                                                                                       Бо дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат китоби муқаддаси  Қуръон  ба забони тоҷикӣ тарҷима карда шуда , ройгон ба муассисаҳои давлатӣ ва таълимию фарҳангӣ  тақсим карда дода шудааст, ба ғайр аз ин бо супориши он кас китобҳои ҳадиси набавӣ ва китобҳои фиқҳии мазҳаби «Имоми Аъзам» ба забони тоҷикӣ тарҷима карда шуда, озодона ба фурӯш гузошта шудааст. Ин ғамхории  Роҳбари давлат нисбати ҳар як фарди соҳибақли мусалмони муқими кишварамон мебошад. Акнун ҳар кас метаво-над бо асли дини мубини ислом шинос гардад ва аз ақидаҳои хурофотие, ки пештар мавҷуд буд, дур гардад.                               Солҳои  90-уми қарни гузашта мо донишҷӯ будем ва аз оқибатҳои фоҷиаовари ҳодисаҳои нангини он солҳо бархурдор ҳастем .Маҳз ҳамон солҳо аввалин маротиба дар ҷумҳуриамон майнаи ҷавононро бунёдгарони ба ном исломӣ- ваҳҳобиҳо бо роҳбарии ТТЭ  ҲНИ  заҳролуд карда ,мамлакати тинҷу ороми моро  ба майдони ҷангу набардҳои бемаънӣ табдил дода буданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда дуздону ғоратгарон ба дуздии моликияти давлатию шахсӣ машғул гашта,халқу мамлакатро ба қашшоқӣ оварда расонида буданд.                  

Мутаасифона, душманони дохилию хориҷии халқи тоҷик бо ҳар гуна роҳ мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон халалдор созанд , барои роҳ надодан ба ин бояд ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандӯст кӯшиш ба харҷ диҳад.    

Мо омӯзгорони кафедраи ФТИ ин амалҳои ғайриинсонии наҳзатиёни манфурро маҳкум менамоем!