ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Дар тамоми ҷаҳон имрӯзҳо зуҳури гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро мушоҳида менамоем, ки бо баҳонаҳои гуногун аз вуҷуди худ хабар медиҳанд ва аксарият решаҳои диниву мазҳабӣ доранд ва ё бо идеологияи динӣ худро вирди забонҳо месозанд. Аз ҷумла зуҳури созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳам аз ҳамин қабил ташкилотҳои террористиест, ки  идеологияи худро исломӣ муаррифӣ кардааст ва феълан дар кишварҳои Шарқ ва минҷумла Ироқу Сурия фаъолияти густарда дорад. Ва садҳо амалҳои террористиро дар ин кишварҳо содир намудааст, ки дар таърихи башарият собиқа надорад.

Дар ҳоле, ки ин созмони террористӣ худро исломӣ муаррифӣ мекунад ва мақсадаш ҳам бунёди хилофати исломист. Ин ҳам дар сурате, ки исломи бар зидди ҳама гуна террор ва қатли инсон аст ва ин амалҳои разилонаро маҳкум менамояд. Пас ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё созмони террористии “Давлати исломӣ” воқеан ҳам давлати ҳомии ислом ва шариат аст ва ё бадномкунандаи ин дин?

Дар ҳақиқат ҳам аз рафтору аъмоли аъзоёни ин созмони террористӣ бараъло эҳсос мешавад, ки ин созмон фақат ба хотири гумроҳ сохтани мардум исломро ҳамчун васила истифода кардаасту мақсадаш ҳам нест намудани башарият асту бадном кардани ислом. Зеро аз ин амалҳои террористии аъзоёнаш бараъло маълум аст, ки ин созмони террористӣ ягон иртиботе ба дину мазҳаб надорад ва мақсадаш ҳам истифода аз ислом ҳамчун васила барои гумроҳсозӣ ҳасту халос. Зеро ин тарзи истифода созмонҳои зиёди террористӣ кор мебаранд ва афроди ноогоҳ аз дину мазҳабро мағзшӯӣ намуда ба дунболи худ мебаранд ва аз он як террористӣ комил тарбия менамоянд, ки барои содир намудани амалҳои террористӣ истифода мешавад ва ин таҷрибаи анқариб ҳамаи созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ мебошад.

Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар таърихи ташкил ва бунёди ТТЭ ҲНИ ҳам дида метавонем, ки аз вожаи ислом ҳамчун василаи гумроҳсозӣ истифода намуда, солҳои 90-ум аъзоёни зиёдеро ҷалб намуд ва афроди зиёдеро гумроҳ сохта дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуд, ки албатта дар пушти он давлатҳои хориҷи қарор доштанд ва аз ҷиҳати моливӣ ТТЭ ҲНИ-ро дастгирӣ менамуданд.

Аҷаб нест, ки дар пушти созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳам кадом давлате меистад ва аз лиҳози молиявӣ ин созмони террористиро таъмин менамояд вагарна бо идеологияи хушку холӣ содир намуани ин қадар амалҳои террористӣ дар қаламрави чанд кишвар ба соддагӣ даст намедиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои террористӣ байни ҳамдигар робитаву алоқаи зич доранд ва аъзоёни худро ба ин ё набард ва ҳамлаи террористӣ мефиристанд. Тавре, ки иттилоъ дорем роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид ва террорист чанд сол қабл аъзоёни ҳизби террористияшро аз Туркия истода ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” мефиристод ва ин як навъ ҳамкории ТТЭ ҲНИ ва “Давлати исломӣ” унвон мешавад, ки бо тобишҳои гуногун дар расонаҳо инъикос гардидааст. Ҳарчанд коршиносон иддао доранд, ки Кабирии палиду разил ба хотири маблағ ҷавонони муҳоҷири эҳтиёҷмандро ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” фиристодааст, аммо дертар маълум шуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро ҳам ба он ҷо сафарбар намудааст, то таҷрибаи зиёдтаре андӯхтаашонро дар ҳамлаҳои террористии ба манфиати созмони террористии “Давлати исломӣ” дар амал татбиқ намоянд. Ва инро метавон ҳамчун занҷираи ҳамкории террористон дар шароити кунунӣ унвон дод ва бояд созмонҳои байналмилалӣ пеши роҳи ин ҳаракатҳои зидди инсониро бигиранд.

Ғаниев М.Ғ

омӯзгори кафедраи таъминоти барқ