ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ЯК СОЛЕ, КИ НАҲЗАТИЁНРО ШАРМАНДАИ РӮЙИ ОЛАМ КАРД

Соле, ки гузашт аз чанд ҷиҳат хотирмон  ва аз чанд ҷиҳати дигар барои тоифаи манфурон соли шикасту шармандагӣ буд. Чаро соли шикасту шармандагӣ?

Албатта, хонанда аз сарлавҳа пай мебарад, ки мақсад  аз ин шармандагиву бебизоатӣ, парда брадоштан аз фаъолияти яксолаи наҳзатиёни палид аст, ки дар соле ки гузашт худро шармандаи рӯйи олам намуданд. Зеро ин манфурони наҳзатӣ ба хотири  пулу мансаб шуда, ба хизматӣ хоҷагони хориҷӣ гузаштаанд ва ҳар навъе ки бошад, мехоҳанд бо истифода аз мухолиф  нишон додани худ, симои воқеияшонро пинҳон намуда, бар миллат хиёнат карданӣ буданд.

Ва барои ҳамин ҳам имсол дар ҷаласаи САҲА дар Варшава ширкат намуданду бо ҳайати аъзоён ва суханони бардурӯғу бофтаашон худро мавриди хандахареши ҷаҳониён қарор доданд, ки аз ин ҳолашон сиёсатмадоре навишта буд: “Боре аввал аз мухолифин ва мухолиф будан бо дидани ин наҳзатиёни эзорсурхак шармам омад”.

Ин албатта маротибаи аввал нест, ки аҳли илму дониш ва сиёсатмадорон дар мавриди наҳзатиёни малъун чунин хулоса мебароранд ва ҳамин буд, ки дертар дар семоҳаи охири соли 2019 парда аз чеҳраи манфури наҳзатиён бардошта шуд, воқеияти ба ном мухолифони наҳзатӣ ба таври ошкоро гуфта шуд ва ин бор террористӣ-экстремистӣ будани ин тоифаи палиди наҳзатӣ ва ҳамкорияш бо созмонҳои террористии ҷаҳонӣ маълум гардид.

Мо, устодони кафедра фаъолияти ин бадномкунандагони миллат ва наҳзатиёни террористро, ки доғе бар ҷомеа ҳастанд маҳкум намуда, ин шармандагони олам, наҳзатиёни малъунро лаънат мехонем!