Агар таърихи башарият иғвобарангезон ва дасисабозонро ба таври кам шоҳид бошад ва ё як нафар ё ду нафарро ҳамчун иғвобарангезон шиносад, аммо имрӯз махсусан асри нав падидаҳои комилан дигарро пешгӯӣ мекунад.
Махсусан дар чанд соли охир ба таври озод ва бисёр ҳам доманадор зуҳур намудани ин гуна як зуҳуроти бешарафӣ дар ҷомеа хеле нанговар аст ва ин ҳам бошад, аз худ дарак додани як гурӯҳе аз журналистон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки ин тоифаро собиқ исломгароён гӯем ҳам хато намекунем.
Зеро чанде қабл ин тоифаи бадкеш ба ҳайсӣ ҳомиёни ислом худро муаррифӣ мекарданд ва акнун ин тоифа ҳоло дар хидмати душманони миллати тоҷик ҳастанд ва ба ҷуз тарғиби ифротгароиру даҳшатафканӣ ҳар рӯз ин наҳзатиёни палид ба иғвобарангезиву дасисабозӣ машғуланд.
Албатта ин тоифаи палидро ба ҷуз фаъолияти террористиву экстремистияшон боз ҳамин навъи ахлоқи бад ва рафтори зишт муаррифӣ мекунад ва ин хомсарони наҳзатиро дар асри 21 гурӯҳи террористони дасисабозу иғвобарангез номидан ҳам хато нест.
Мо устодони кафедра ин рафтори хоинон ва душманони миллатро ва махсусан фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро ба таври ошкоро маҳкум менамоем.