Чандест, ки перомуни фаъолияти хоинонаву душманонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ меандешам ва ҳеҷ ба хулосаи омода наметавонам, ки чаро инсон ин қадар манфуру зиштсират мешуда бошад?
Охир чӣ тавр мешавад фаъолияти наҳзатиёни палиду касиф ва разилу хоинонаи ин наҳзатиёни террористро таҳлил кард, вақте ки ин тоифа бар хилофи арзишҳои инсонӣ рафтор мекунанд. Вақте, ки наҳзатиёни палид ҳама сарҳадҳои душманиву хиёнатро мегузаранд. Вақте ки наҳзатиёни манфур ҳама арзишҳоро зери по мекунанд?
Вақте ки наҳзатиёни лаин ҳама хислатҳои инсонии худро ба хислатҳои шайтону ҳайвон мубаддал мегардонанд, чӣ тавр мешавад сари ин андеша накард?
Оё мешавад бар сари ин беморӣ наандешид?
Аниқтараш бемории равонии наҳзатиёни палид, ки сирати инсонии худро ба сирати ҳайвон бадал кардаанд. Хислати инсонии хешро ба хислати шағол иваз кардаанд. Мешавад андеша кард?
Агар андеша бикунем, чӣ тавр метавонем ба онҳо ном гузошт ва гуфт, ки ин одамсуратони ҳайвонсират? Охир дар ин ҳолат ва таҳқир ба мавҷудоти дигари олам, яъне ба ҳайвон мекунем, ки ҳайвон ҳам дар ҷойгоҳи худаш ба худ қадру манзалат дорад.
Агар бигӯем, ки ин шайтонсифатони наҳзатӣ ин ҷо ҳатман шайтон ба ҳоламон хоҳад хандид, ки ин террористон шайтонро ҳам бо ҳамин қадар мураббигияш дарс медиҳанд.
Он гоҳ забон лол хоҳад монд, ки чӣ хел аз ин рӯбоҳсифатони наҳзатӣ сухан гӯем ва фаъолияту рафтори онҳоро баҳо диҳем?
Бубинед, ин палидони наҳзатӣ ба хотири пулу мол ва сарвату дороӣ шикампарастӣ намуда, ҳатто ба Ватани худ, ки дар он ҷо зода шудаанд ва ба воя расидаанд хиёнат мекунанд?
Ин манфурони наҳзатӣ, ҳатто ба миллати худ хиёнат карданд, ки аз ин дида бузургтарин хиёнате нест ва бузургтарин бешарифие нест ва бузургтарин ғайриинсониву номардие нест.
Пас ин тоифаи разилу бадкешро, ин номардҳои инсонсуратро, ки ҳамагӣ зери чатри ТТЭ ҲНИ ҷамъ омадаанд, чаро манфурону зишсиратон нагуем?!
Албатта, ҳар кас ба ин ҳақ дорад, ки ин террористони манфури наҳзатиро, ки душмани ашадии миллати тоҷик ҳастанд, маҳкум кунад ва шайтонсифату ҳаромзода унвон кунад. Зеро ба ҷуз чунин тоифа дигар касе ба хиёнат қодир нест.
Меҳвар Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ