СОКИНОН ДАР РОҲИ ПАЙРАВӢ НАМУДАН АЗ ИН Ё ОН ДИН ОЗОДАНД

Чанде қабл мақолаи палиду разил ва авбошу террористи наҳзатӣ С. Истаравшанӣ нашр шуд, ки дар он муаллиф кӯшиш намудааст, ба ҷониби кишвар ва миллати тоҷик дурӯғҳои худашро бор кунад ва бӯҳтон занад. Ӯ изҳор кардааст, ки дар кишвар як навъ исломситезӣ вуҷуд дорад ва мардум ҳам аз ислом рӯ мегардонанд.

Аммо ин иддао комилан ғалат буда, дар кишвар касе аз дин рӯ намегардонад ва ягон хел исломситезӣ ҳам вуҷуд надорад. Баръакс исломситезӣ дар фаъолияти ҳамин наҳзатиёни палид ва ТТЭ ҲНИ вуҷуд дорад ва ҳамин наҳзатиёни малъун, ки исломро ҳамчун василаи гумроҳсозӣ ва анҷом додани мақсадҳои нопоку ғаразнок истифода менамуданд, ҳоло бошад аз он ҳазар намуда, ҳатто ба ҷойи ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду манфур ТТЭ ПМТ-ро таъсис дод, ки дар он дигар мисли солҳои қабли идеологияи бардурӯғи динӣ вуҷуд надорад ва ба ном ин ташкилоти террористӣ  арзишҳои демократиро ҳимоят мекунад.

Ҳамчунин дар ин замина наҳзатиёни палид мехоҳанд  гуноҳҳо ва хиёнатҳои кардаи хешро ба ҳамин васила паси сар намоянд ва ё худ пинҳон кунанд, ки ин хиёнат ва даҳшати овардаро миллати тоҷик ҳаргиз намебахшад ва нахоҳад гузошт, ки ин палидони наҳзатӣ дубора чунин хиёнат ва амалҳои террористиро дар қаламрави кишвар содир намоянд.

Баъди ҳамаи ин, ҳоло ҳамин наҳзатиён бардурӯғ ба хотири кинаву адоват ва иғвобарангезӣ мехоҳанд дар бораи вазъияти дин дар кишвар сухан кунанд, ки хандаовар ва аблаҳии ин тоифаи палиду манфури наҳзатиро нишон медиҳад. Зеро мо хуб медонем, ки миллати тоҷик аксарият аз мазҳаби Ҳанафӣ пайравӣ мекунанд ва ин Истаравшанӣ бошад худ пайрави мазҳаби аҳли шиа мебошад ва бадбиниву ихтилофи худашро мехоҳад аз тариқи ҷудоиндозӣ ба миллат бор кунад ва тухми низоъ бикорад.

Ба маълумоти ин аблаҳ ва ба ном донандаи аркони динӣ мерасонем, ки тибқи Конститутсияи мамлакат дин аз давлат ҷудост ва фаъолиятҳои динӣ дар кишвар бе мудохилаи давлат сурат мегирад ва инро ҳар як фарди озодандеш ва солимфикр хуб медонад. 

Бояд қайд кард, ки дар ин ҷо нақши ягон мазҳабу  ягон дин баҳогузорӣ намешавад ва мардум дар интихоб ва пайрави ба ин ё он дину мазҳаб озод аст, ки хоси давлати дунявӣ мебошад ва сад дар сад камина аминам, ки муаллифи мақола Истаравшании палиду террорист ин ҷанбаъро намедонад ва ё дониста барқасд чунин матлабро омода кардааст, ки  миёни ҷомеа ихтилоф барангезад.

Зеро аз навиштаҳо ва дурӯғҳои бофтаи ин муаллиф бармеояд, ки ин мақола махсус ба тариқи фармоишӣ омода шудааст ва мақсадаш ҳам санҷидани назари мурдум аст, ки оё наҳзатиён метавонанд мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба василаи дину мазҳаб мардумро дубора гумроҳ созанд?

Албатта, ки Шумо наҳзатиёни манфур ва бадгавҳар дигар ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид ва умедворем, ки як ҳадафи душманонаи террористони наҳзатӣ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро назар ба солҳои 90-уми асри гузашта имрӯз дар кишвар маърифатнокии аҳолӣ баланд гардидааст ва мардум тибқи низоми демократӣ дар интихоб ва шунидани ин ё он ақида озод аст ва таҳлилро ҳам худаш мекунад, ки   дигар намешавад мисли солҳои 90-уми асри гузашта онҳоро гумроҳ кард ва ин ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон аст.

Аз ин лиҳоз, душманон ва хоинони миллати тоҷик аз ҷумла Истаравшании бадбахту ғуломи охундҳоро зарур меояд, ки дар ин масъала мудохила накунад ва ба иззати нафси мардум нарасанд. Зеро ҳар як туҳмат ва матлаби бардурӯғ ин таҳқири миллат ва нодида гирифтани он мебошад, ки ман гумон мекунам, миллати тоҷик ҳаргиз чунин душманонашро нахоҳад бахшид.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ