ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ТТЭ ҲНИ ТЕРРОРИСТИТАРИН ТАШКИЛОТИ ҶАҲОН

Чанде қабл дар расонаҳо аз фаъолияти сиёҳу пасипардагии аъзоёни ТТЭ ҲНИ мақолаву матлабҳо ба нашр расиданд, ки аз фаъолияти сиёҳтарини ин ташкилоти террористӣ ва ҳамкориву робитаҳояҳояш бо созмонҳои террористии ҷаҳон қисса мекунад.

Аниқтараш ин мақолаҳо аз асрори таърих ва саҳифаи сиёҳи таърихи кишвар, ки бевосита аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷияш ташкил шуда буд, ошкору возеҳ  далеловарӣ мекунад, ки дар ҳақиқат ҳам ягон шубҳае дар сиёҳдиливу торикимонии наҳзатиёни палид пас аз ин намемонад.

Зеро дар ин матлабҳо муаллифон куӯшиш ба харҷ додаанд, то воқеияти ҳолро бо далелҳои саҳеҳ ва ба таври комил санҷидашуда, биоваранд, то хонанда роҳгум назанад.

Ҳамаи ин куштору хунрезӣ, ва ғоратгариву авбошмаобии солҳои 90-уми асри гузашта бевосита ба ҳамин наҳзатиёни палид рабт дорад ва ҳамин хоинони миллат саркардагону ташкилкунандагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар буданд ва пас аз он ҳам чандин амалҳои террористтиро дар кишвар содир намудаанд.

Мо устодони кафедра ин рафтори хоинони миллат ва душманону террористони рақами №1-и ҷаҳонро, ки кулбаи ифротиашон ТТЭ ҲНИ аст ба таври комил маҳкум менамоем!