Ифротгароӣ,терроризму экстримизмро падидаи манфур вабои аср ҳисоб мекунанд. Сабабҳои шомилшавии ҷавононро аз гумроҳи ва маърифати пасти онҳо унвон мекунанд.
Мутаасифона душманони дохилию хориҷии халқи тоҷик бо ҳар гуна роҳ мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон халалдор созанд, барои роҳ надодан ба ин бояд ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандӯст ҷаҳд намояд.
Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дорад.
Имрӯз коршиносон бар он ақидаанд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври восеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Сабабҳои асосии шомилшавии ин ашхос ба ин гурӯҳҳо дар маърифати пасти илмию маънавии онҳо, аз тарбияи волидайн дур мондани фарзандон, ҷустуҷӯи роҳи осони маблағи зиёд ба даст овардан, дуруст сарфаҳм нарафтан ба аҳкоми шариати исломӣ, вақти қимати худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кардани ҷавонон ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.
Роҳҳои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна дар баланд бардоштани маърифатнокии онҳо бо роҳи тарғиби дастовардҳои илмию фарҳангӣ, таҳти назорати қатъи гирифтани марказҳои интернетӣ, дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонон бо роҳи фаъолияти якҷояи волидайн, муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкили вохӯриҳои якҷоя бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ (амнияти миллӣ, милитсия, прократура) ва уламои динӣ оиди ин мавзӯъҳо, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҷавонон мебошад.
Моро зарур аст ваҳдати миллӣ ва сулҳро, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори бадхоҳ муташаккилона мубориза барем, нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.
Маҳмудова С. С.
омӯзгори калони кафедраи ФУТ