ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД ХИЁНАТКОРИВУ БАДГӮӢ

Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои нопок ва даст ёфтан ба маблағҳои ҳангуфт аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба Ватан ва миллат хиёнат намуда, имрӯзҳо баҳри гумроҳ сохтани мардум ва паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба таври озод тариқи расонаҳои таъсиснамудаашон, ки аз ҳисоби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон сармоягузорӣ мешавад,  ҳамарӯза иттилооти носаҳеҳ ва бардурӯғро нашр менамоянд, ки бар хилофи қонунҳои башарӣ мебошад.

Аслан ин хоинони кӯрботину тангназар ба таври ошкоро дурӯғгӯиву дасисабозиро пеша намуда, шарм надошта бадгӯӣ мекунанд, ки ин бисёр ҳам нороҳаткунанда мебошад.  Дар ҳоле, ки ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ бо гузаштаи бисёр ҳам вазнини даҳшатафканӣ ва хиёнтапешагиву қаттолӣ ном баровардааст ва имрӯз ин хоинон мехоҳанд бо роҳҳои гумроҳсозии миллат худро бегуноҳ тасвир намоянд, ки албатта ба ин миллати тоҷик иҷозат намедиҳад ва ин манфуронро нахоҳад бахшид.

Мо, омӯзгорони кафедра ин хиёнат ва бадгӯиву бӯҳтонзании хоинони миллатро ба таври ҳамешагӣ маҳкум менамоем.