ҶАВОНОН ҚУВВАИ СОЗАНДАИ ИМРӮЗУ ФАРДОЯНД

Худшиносии миллӣ дар комёбиҳои фарҳангӣ, илмӣ, техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳанги ҳуқуқию сиёсӣ зоҳир мегардад. Дар навбати худ ибтидою анҷоми корҳои мазкур ба маданияту одоби ҳар як фарди ҷомеа робитаи ногусастанӣ дорад.

Халқи тоҷик дорои фарҳанги бостонист ва зарур аст, ки ҷомеаи имрӯзаи мо дар сатҳи маданияту маърифати олӣ зиндагӣ дошта бошад. Мутаассифона, дар ҷомеа афроде низ ҳастанд, ки бо ахлоқи ғайриинсонии худ осоиштагии мардумро халалдор месозанд. Бинобар он, моро лозим меояд, ки дар такя ба нишондоди Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оид ба таълиму тарбияи насли оянда зиёдтар ҳарф бизанему тадбирҳои судманд биандешим.

Дар замони ҷаҳонишавӣ фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масълаи мазкур аз оғози фаъолияти роҳбарии хеш таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа ҷалб намуда, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид карданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва барои бадном кардани дини мубини ислом ва зери ниқоби ислом амал мекунанд. Ҳол он ки Исломи пок, ҳеҷ иртиботе бо ин тундгароӣ надошта, ин падидаи нанговар ба хотири бадном кардани дини муқаддас аз тарафи душманон роҳандозӣ мешавад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бори дигар аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор намуда зикр карданд: «Ман борҳо таъкид намудаам ва бори дигар хотирнишин месозам, ки дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгароии ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем» Лекин боиси таассуф аст, ки ба гурӯҳу ҳаракатҳо баъзе шаҳрвандони мо, аз ҷумла, ҷавонони сустиродаву ноогоҳ низ шомил гардидаанд. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз  гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ва ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Барои ба ҳадафҳои нопоки худ  расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдории амалкунанда бар зидди ақидаҳои онҳо ва ин роҳу восита дини мубини исломро истифода баранд.Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳида мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик мебошанд, тухми кинаву адоват кошта боз мардумро  ба  ҷудоандозиҳо  бикашанд. Чун ба даврони Соҳибистиқлолӣ назар афканем аз тарафи давлат чӣ қадар масҷиду марқадҳо ва оромгоҳҳои шахсони бузурге, ки дар дини ислом маъруфу машҳур буданд, таъмиру тармим карда шуда, номи бузургони ислом арҷгузорӣ  карда шудаанд.

Бо забони тоҷикӣ нашр гардидани китоби Қуръони карим ва дигар тадқиқотҳои мукаммал оид ба осори динӣ, кушода шудани Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ дар пойтахти мамлакат, имконоти озодонаи зиёрати хонаи Худо, ки барои шаҳрвандони мамлакат имконпазир гардидааст,  аз он далолат медиҳад, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар раванди тараққиёти ҷомеа  шароитҳои хубро фароҳам оварда шудааст. Президенти мамлакат ҳама иқдомҳои созандаро  дастгирӣ намуда истодаанд. Аммо,  баъзе ашхос корҳои анҷомёфтаро дида натавониста, ба таври пинҳонӣ ниятҳои бадбинашро ба амал татбиқ менамояд.  Мутаассифона, онҳо ояндаи мамлактро ба таври худ тасаввур мекунанд ва барои ба мақсади худ расидан нақшаҳо мекашанд. Фикр намекунанд, ки ояндаи Тоҷикистон на дар ҷангу бесарусомониҳо, балки дар кори бунёдкорӣ ва созанда аст.

Ояндаи ҳар миллат ҷавонони боилму фарҳанг ва баору номуси он ҳастанд, зеро онҳо бо созандагии худ метавонанд обрӯю эътибори миллати хешро дар байни оламиён баланд бардоранд ва боиси ифтихору сарбаландии халқу Ватани худ гарданд. Ҷавонон қувваи созандаи имрӯзу фардоянд, ки бо худ ақидаю назарияҳо мояи асливу ҷавҳари ахлоқии миллатро пеш мебаранд ва бо ин роҳ ҳамоҳангии наслҳоро  таъмин месозанд. Зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз дар байни ҷавонони мустақил ва ба мероси маданӣ ба чашми эҳтиром назаркунанда шахсони эҷодкор, навовар ва фаъоли ҷамъиятӣ ба воя расидаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай  роҳи худро интихоб кардааст. Моро, хоссатан, устодони донишкадаро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар ҳамсӯҳбат шавем, аз дунёи онҳо бохабар гардем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим варзиш,  илмомӯзӣ ташвиқ намоем ва дар зеҳни онҳо хештаншиносию меҳанпарастиро ворид созем, то ин тамоюли номатлуб идома наёбад.

Ҷалолова З.А.

дотсенти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,

    кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ