ТАЪРИХ ҲАҚИҚАТРО МЕПИСАНДАД

Чанд даҳсола боз таърихнигорон дар бозгӯи ин ё он масъала сустии баркамолро ихтиёр намудаанд ва аз нашри воқеиятҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки сафҳаи бисёр ҳам ҳаёти вазнини миллати тоҷикро дар бар мегирад, худдорӣ меварзанд ва ба таври озод ташкилкунандагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки аслан ҳамин аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, бозгӯ намекунанд ва ё дар ҷое истиҳола меварзанд.

Зеро тавре, ки ба ҳамагон маълум аст дар чанд даҳсолаи охир аксарияти сокинон ва махсусан насли ҷавони кишвар кам огоҳӣ доранд, ки маҳз ҳамин наҳзатиёни палиду манфур дар кишвар бо супориши хоҷагони хориҷияшон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуданд ва мақсади аслияшон ҳам ба қисматҳо тақсим намудани кишвар буд, ки шукрона бо фазилу хиради волои Сарвари давлат пеши роҳи ин нақшаи душманони миллат гирифта шуд.

Ҳоло аксарияти насли ҷавон кам огоҳӣ доранд, ки аъзоёни ҳамин Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ба хотири пулу мол ва сарвату дороӣ шуда ба Ватани худ ва ҳаммилатони хеш хиёнат намудаанд.

Ин террористони наҳзати дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии кишвар, ки ташкилкунандаи асосӣ буданд, зиёда аз 150 ҳазор нафарро ба қатл расониданд, зиёда аз як миллион нафарро гуреза сохтанд ва зиёда аз 10 миллиард доллар хисороти моддӣ ба кишвар оварданд, ки барои дубора эҳё намудани соҳаҳои фалаҷгардида ба Ҳукумати кишвар зарур омад, ки бо сарфи садҳо миллиард доллар дар зарфи чандин сол талош намоянд ва ба ҳолати имрӯза бирасанд. Сатҳи зиндагии мардум дар он солҳо хеле вазнин гардида, зиндагӣ бисёр ҳам душвортар шуда буд ва шукрона, ки бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз беҳтар гардонида шуд ва кишвар ба таври олӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст ва бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон иртиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст, ки бисёр ҳам нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Вале ҳамаи инро кӯрбовару тангназарону нотавонбинони наҳзатӣ ба инобат нагирифта, ба ҷой бахшиш пурсидан аз миллати тоҷик имрӯз дар хориҷ аз кишвар қарор гирифта барои паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд.

Ва ҳамарӯза тариқи сомонаҳои сохтаи худ ахбори бардурӯғу иғвобарангезро ба нашр мерасонанд, ки бар хилофи фазилати инсонӣ ва муқаррароти байналмилалӣ мебошад.

Ҳоло ин наҳзатиёни касифу разил ва кӯрдилу кӯрботин ба хотири боз ҳам зиёдтар ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт барои гумроҳ намудани насли наврас талош менамоянд ва барои ин амали номардонаву хиёнаткоронаи худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон маблағ мегиранд.

Тибқи иттилои мавҷуда хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон то соли 2018 ба суратҳисоби роҳбари ТТЭ ҲНИ кабирии сарсахту бадгавҳар зиёда аз 3 миллион доллар гузаронидааст, то барои таъсиси шабакаҳои интернетӣ ва тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ сарф намояд, ки бар зилофи муқаррарори байналмилалӣ ва Оинномаи СММ мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони кишварро зарур меояд, ки ба хотири гумроҳ нагардидан ва фирефтаи ин хоинони миллат нашудан, бояд  аз мутолиаи маводҳои тарғиботии ин тоифаи бадниҳоди наҳзати худдорӣ варзем ва эҳтиёт намоем, то ба мафкураамон андешаҳои ботилу душманона роҳ наёбанд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз бузургтарин созмонҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад ва дар тайи фаъолияти худ аз ҷониби аъзоёнаш садҳо амалҳои террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар содир карда шудааст, ки ин нобахшиданист ва албатта ин симои нангину шармовари ин наҳзатиёни палиду касиф мебошад.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ин хоинони миллат, аз кардаи худ пушаймон нагардида боз ҳам даст ба хиёнат ва гумроҳ намудани миллат мезананд ва ҳатто барои ин кор чандин сомонаи интернетиро таъсиси додаанд, ки бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад.

Ҳоло ин наҳзатиёни палиду авбош мехоҳанд дар симои нав ва дар ниқоби нав корро оғоз бахшанд ва барои хоҷагони хориҷияшон хизматҳои бузург кунанду миллатро ва бахусус насли ҷавонро гумроҳ созанд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, ки чеҳраи манфур ва разилонаву ваҳшии ин палидони наҳзатиро хуб дар хотир нигоҳ дорад ва барои решакан намудани ин душманони бадкеш ва террористони ҳаромзода талош намояд.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ