Дар ҳазораи сеюми милодӣ чунин вазъият ба вуҷуд омад, ки дар тамоми ҷаҳон падидаҳои номатлуб ба монанди терроризму экстремизм зиёд гардиданд ва дар ин росто гурӯҳҳои мазҳабиву равияҳои гуногун низ фаъолияти худро густариш доданд ва аз доираи хурди як давлат ба хориҷ паҳн гардиданд.
Ҳамин буд, ки дар миёни ҷомеа дар интихоби ин ё он равияву мазҳаб дудилагӣ ва гумроҳӣ ба вуҷуд омад, ки ин оқибат ба сарсониву гуногунандешии манфӣ дар миёни наслҳои гуногун ва қишрҳои мухталиф замина гузошт.
Ҳоло мо ба таври оморӣ шумори равияву гурӯҳҳои даъвогари мазҳабиро аз 100 кам гуфта наметавонем ва аксарияти ин гурӯҳҳо бар асоси ҳамин нобовариву мухолифатҳои дохилӣ ба вуҷуд омадаанд, ки аксарияти инҳо ба ҷомеа зарари бузург дорад ва пайомадҳои манфиро низ ба бор овардааст.
Феълан намешавад, ба таври илмӣ номукаммал ва сохта будани ин гурӯҳу равияҳоро ифҳо сохт, зеро аксарияти ин доираҳо бо созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ робитаи мустақим доранд, ки ин бисёр бар ҷомеа хатарҳои бузургро арзёбӣ менамояд.
Пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ҷумҳуриҳои бародари истиқлолияти хешро эълон намуданд ва дар ин замина як фазои комилан дигаре бавуҷуд омад, ки он оқибат даҳшатҳо ва ваҳшатҳои худашро низ ба ёдгор гузошт. Аксарияти созмону ҳаракатҳои навсохт ва ба ном динӣ дар ҳамин давра аз фазои озод истифода намуда, вориди майдон шуданд ва ҳатто дар баъзе кишварҳо ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ташкил ёфтанд.
Яке аз чунин ҳизбу ҳаракатҳо ин Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки дар ҳамон давра бо кӯмаки молиявии хоҷагони хориҷӣ ва душманони миллати тоҷик таъсис ёфт ва барои ба мақсад расидан кишварро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонид.
Тавре баъдан маълум шуд аъзоён ва саркардагони ин ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар мактабҳои бузурги созмонҳои террористии бузург ба монанди “Ал-Қоида” дар Афғонистон таълим гирифтаанд ва барои мубориза бар зидди инсон ва ҷомеаи озоди башарӣ мубориза мебаранд.
Ҳамчунин иттилои дигаре ба даст расид, ки дар он аз ҷумла мустақиман аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон сармоягузорӣ шудани ин ташкилоти террористӣ пурра исботи худро ёфтааст ва аз саркардагони хунрезӣ дар кишвар намояндагони ҳамин ҷумҳурии исломӣ будаанд.
Ҳарчанд ин масъала чандин сол ба таври комил инъикоси худро наёфт ва чандин солҳо аз воқеиятҳо ба ҷомеа чизе гуфта намешуд, аммо имрӯз зарур аст, ки ба шаҳрвандон кӣ будани дӯсту душманро бифаҳмонем ва дар ҳифзи якпорчагии кишвар дастаҷамъона саҳмгузор бошем.
Зеро хоинону душманони миллати тоҷик мисли солҳои 90-уми асри гузашта дар ниқоби дӯст ва ҳомии арзишҳои диниву мазҳабӣ ворид гардида ба мо чӣ тавр хиёнатро раво мебинанд, касе намедонад. Ҳамин наҳзатиёни террористу авбош ҳам ҳамон солҳо дар ниқоби ҳомӣ ва посдорандаи арзишҳои динӣ худро муаррифӣ намуда, хуни зиёда аз 150 ҳаҳор нафарро бегуноҳ рехтанд, зиёда аз як миллион нафарро гурезаву беватан сохтанд, ки аз ин дидад бадтарашро таърих ёд надорад ва ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё рисолати ислом бегуноҳ рехтани хуни иснон аст?
Оё рисолати мусалмон низоъ афкандану дасисабозӣ кардан аст?
Акнун фурсате расидааст, ки мо аз шаҳрвандони кишвар пинҳон нанамуда ҳамаи он сирру асроре, ки дар даст дорем ба таври комил ва ошкоро пешкаши шаҳрвандон созем ва чеҳраи манфуру душманонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро фош созем ва ниқоб аз ин чеҳраҳои хашин барканем.
Зеро дар ҳар ҳолат аз надонистан ва бехабар мондан аз ин воқеиятҳо ва чеҳраи воқеии ин хоинону ватанфурӯшон гумроҳ шудани инсонҳо вуҷуд дорад ва бояд расонаҳои иттилоотӣ дар ин маврид бетараф набошанд ва ҳамеша аз воқеиятҳои ин хоинони наҳзатӣ, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд ва аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон сармоягузориву пуштибонӣ мешаванд, бояд бигӯем.
Меҳвар Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ