Тавре, ки ҳамагон медонем имрӯз дар ҷомеа аксарияти расонаҳои тундгаро ва ифротӣ аз ҷониби созмонҳову ташкилотҳои террористӣ-экстремистии ба монанди “Давлати исломӣ” ва ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ шудаанд, ки мақсадашон ба тариқи психологӣ таъсир расонидан ба афкори умум мебошад.
Албатта аз чанд ҷиҳат ин масъала ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳли башарро ба ташвиш овардааст ва фаъолияти террористиву экстремистии ин гурӯҳҳо низ ба ҷаҳон таъсири манфиии зиёд дорад, ки то кунун созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо дар ҳамҷоягӣ ва алоҳидагӣ дар пайи ҳаллу решакан намудани ин вабои аср ҳастанд.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки ғояҳо ва андешаҳои ин гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ бештар таъсири манфӣ ба насли осебпазир мерасонад, аз ин лиҳоз мудирон ва масъулон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ бояд барои комилан пок сохтани шабакаҳои интернет аз маводу матлабҳои ғояҳои ифротӣ дошта пок карда шавад.
Мо устоди кафедра ҳамаи созмонҳо ва гурӯҳҳои террористиро ба таври комил маҳкум менамоем!