Ҳамон гуна, ки аз расонаҳо ва воқеияти асри нав огоҳ ҳастем, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори олам шабакаҳои террористӣ-экстремистӣ фаъолият доранд ва дар давлатҳои алоҳида аз худ амалҳои даҳшатборро ба намоиш мегузоранд.
Доғтарин падидаи чанд соли охир ин созмони террористии “Давлати исломӣ” мебошад, ки дар чанд давлати арабӣ фаъолияти густарда дорад ва бо кадом шаклу шевае аз тамоми ҷаҳон алоқамандону тарафдорони худро ҷамъ овардааст, ки намунаҳои амалиётҳои террористии ин созмонро мо дар давлатҳои Сурия ва Афғонистону Ироқ бараъло эҳсос менамоем.
Давлати исломии Афғонистонро бошад, созмони террористии “Толибон” пурра ба оташи ҷанг кашидааст ва чандин сол аст, ки мардуми кишвар Афғонистон сулҳу оромиро танҳо орзу мекунанду халос.
Аз ин рӯ, пешниҳоди он ки гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ-экстремистӣ пурра маҳкум карда шаванд, бисёр ҳам аз рӯи адолат хоҳад буд.
Мо омӯзгорони кафедра хатарҳои байналмилалӣ ва ҷиноятҳои содирнамудаи террористонро пурра маҳкум намуда, хостори решакан намудани ҳамаи созмонҳои террористӣ мебошем.