ВАҚТЕ, КИ ПАРДАҲОИ АСРОР МЕАФТАД…

Ҳарчанд доираҳои наздик ба терроризму экстремизм сармоягузории Эронро ба ТЭТ ҲНИ рад менамоянд, аммо воқеияти ҳол дигар асту далелҳои раднашавандаеро пешниҳод месозад.  Тайи чанд таҳқиқот ва ковишҳои илмӣ муайян гардид, ки воқеан ҳам ҳастанд давлатҳое, ки аз гурӯҳҳои ифротӣ барои ба даст овардани мақсадҳои нопоки худ истифода менамоянд.  Албатта дар чунин ҳолат моро зарур меояд, ки дар шинохти дӯстон аз мақоли “бовар бикун, вале ҳатман бисанҷ” истифода намоем, зеро аксарияти душманон бо ниқоб ба саҳна меоянд, ки шинохташ хеле вазнин аст. Мақолаи Назар Муъмин, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд»-ро мутолиа намуда ба воқеияти мақоли боло дарк намудам. Зеро муаллиф дар мақолаи мазкур аз тамоми манбаъҳо истифода намуда, ҳамчун далел ва мадраки исботшуда чанд воқеиятро аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш рӯйи коғаз овардааст, ки далелҳои раднашуданист.

Муаллифи мақола дар ҷое чунин иддао кардааст, ки бемуҳоббо қобили дастгирист, шояд хонандаи азиз аз ҳам пас аз мутолиаи ҳамин нукта мақсадро пай барад. Ӯ мегӯяд дар чанд соли ахир робитаи ТЭТ ҲНИ бо хадамоти махсуси Эрон густариш ёфта, онҳо ҳамкориҳоро ба хотири ба нести бурдани миллати тоҷик шурӯъ намудаанд. Ҳатто аз воқеияти худи роҳбарони Эрон  ҳам хулоса намуда, чунин суолгузорӣ намудааст: “Чаро дар чунин вазъият Тоҷикистон то ҳол ба Суди Байналмилалии СММ доир ба амалҳои ҶИЭ, ки терроризмро рӯпӯш ва маблағгузорӣ менамояд, муроҷиат намекунад? Чун имрӯз ҳам Тоҷикистон маҷбур аст истиқлолияти худро аз сӯиқасди қувваҳои радикалии исломӣ, ки зери назорати хадамоти махсуси эронӣ қарор доранд ва ба онҳо дастгириии молиявӣ, маънавӣ, идеологӣ ва иттилоотӣ мерасонанд, ҳимоя кунад.

Воқеият ин аст, ки аксарияти мардум то ба ҳол он далелҳои ин ҷо ифшо шудаи ТЭТ ҲНИ-ро, ки бевосита аз ҷониби Эрон ин ҳизби террористӣ  ҳимоя ва сармоягузорӣ  шудааст, намедонистанд. Ҷое муаллиф чунин ишора менамояд : “моҳи сентябри соли 2016 хадамоти махсуси Эрон иштироки аъзои ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаи солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карданд. Хароҷоти нақлиёт, будубош ва дигарро Эрон пардохт мекунад. Аз соли 2016 то 2018 ҷониби Эрон барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин маблағҳо барои ташкили кори манбаъҳои иттилоотӣ, пешбурди сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии таблиғгарони ҳизб истифода мешуданд”. Бубинед, ҳамин ҷо аллакай маълум аст, ки чаро дар ҷаласаҳои САҲА аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва дигар пайравонаш бештар ба паст намудани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мепардозанд. Ин ҷо маълум мешавад, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бевосита аз ҶИЭ маблағгузорӣ мешавад ва дунболи хиёнат ба миллат аст.

Вале нашҳзатиёни палид ва манфур бошанд, умуман дар чодари хаёл ва ангезаҳои ифротӣ қарор гирифта, бештар ба сиёҳкардани намояндагони Ҳукумат мепардозанд ва ҳамин ҷо маълум мешавад, ки мақсад чист?!

Ин наҳзатиён худро меҳанпараст ва баъзан худро намояндаи миллат меҳисобанд, ки як масхарабозии соф аст. Бубинед, онҳо барои давлати дигар фаъолият намуда, миллатро гумроҳ кардани  мешаванд ва ҳар рӯз аз номи шаҳрвандон сухан меронанд, ки як шайтонии хоси ин тоифаи бадсиришти наҳзатиҳост.

Муаллифи мақола далели дигареро меорад, ки аз ҷумла дар он омадаст “19 марти соли 2018 хадамоти махфии Эрон 2 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА ба суратҳисоби М. Кабирӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ба фаъолони ТТЭ ҲНИ дар Олмон интиқол дод” . Ин ҳангомазании наҳзатиёни хоин дар Аврупо ҳам аз устухони мардуми Эрон будааст. Магар аз ин руз мурдан беҳтар нест?

Шояд пас аз ин оммавӣ шудани ин далелҳо наҳзатиёни террорист ва ифротгаро худро аз манораи Париж сарозер кунанд?

Зеро муаллиф кӯшиш намудааст, асосҳои воҳимаи дурӯғ ва фарҳанги иғвобарангезии наҳзатиёнро пайдо созад ва ин ҷо албатта муваффақ ҳам шудааст. Чунки дар мақолаи мазкур эътимод ва боварии аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро муаллиф дар асоси супоришҳои махфии сармоягузор дидааст ва ҳамон ҷо ба исботи масъала даст ёфтааст. Аслан гирем, мақолаи мазкур гиреҳкушои ҳамон ҳолатҳои пинҳоннамудаи Кабирии палид ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад.

Дар сурате, ки ин наҳзатиёни манфур ва кӯрдил ғуломи хоҷаанд, чӣ тавр метавонанд ба миллат хизмат кунанд? Чӣ тавр метавонанд дар фикри ояндаи миллат бошанд, вақте ки барои нест намудани ин миллат миллионҳо доллар аз давлатҳои бегона мегиранд?!

Хулоса ин аст, ки муаллиф кӯшидааст, то воқеияти ҳолро бо забони илм баён созад ва муваффақ ҳам шудааст. Аммо чизи дигаре, ки бояд ин ҷо ишора намоям ин пешниҳоди муаллиф аст, ки бояд мо аз болои ТЭТ ҲНИ ва давлати исломӣ ба СММ шикоят барем.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ