ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА: ВОҚЕИЯТ ПИНҲОН НАМЕМОНАД.

Чанд рӯз қабл мақолаи Назар Муъмин, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд»-ро мутолиа намудем, ки воқеан ҳам муаллиф кӯшидааст парда аз болои асрорҳо бардорад. Ҳамон гуна, ки маълум аст, дар ин мақола муаллиф тавонистааст, ки чанд далелҳои раднашавандаеро аз ҳаёти ТЭТ ҲНИ ва фаъолияти пасипардагияш бо хоҷаи хориҷияш ҶИЭ рӯйи коғаз оварад.

Ҳатто ин қадар воҳимаву ҳаёҳӯ намудани аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дар Аврупо дида, кас бовар намекард, ки то ба ин ин малъунон фурӯхташудаанд. Муаллиф дар ҷое меорад, ки “аз соли 2016 то 2018 ҷониби Эрон барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин маблағҳо барои ташкили кори манбаъҳои иттилоотӣ, пешбурди сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии таблиғгарони ҳизб истифода мешуданд”.

Худ ҳамин кофист, ки бигӯем чаро ин наҳзатиёни ифротгаро ба нашри бардурӯғи маълумотҳо мепардозанд ва ҳар барои паст намудани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд. Яъне, ин ҷо ҳамон хоҷаи хориҷӣ пул ҷудо кардааст, то ин мазлумоти олами маърифат ба Ватан ва миллати худ хиёнта намоянд.

Мо омӯзгорони факултет ин хиёнатҳои ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, талаби онро мекунем, ки ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ ба додгоҳи байналмилалӣ супурда шаванд.