САИДЮНУСИ ИСТАРАВШАНӢ ВОҚЕИЯТИ ХУДАШРО ЗЕРИ ДУРӮҒҲОИ КАБИРӢ ПИНҲОН МЕКУНАД ?!

Дар асоси мақолае, ки имрӯз як наҳзатии палид ва мунофиқу малъун нашр намуд, чӣ қадар дурӯғу кина, ва иғвову дасиса меистад, танҳо худаш медонаду халос. Чанд рӯз қабл М.Кабирӣ роҳбарӣ наҳзатиёни террорист ва ҳамзамон роҳбари ТЭТ ҲНИ дар суҳбате як дуруғеро аз номи собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон бофта баромад ва акнун чанд рӯз аст, ки атрофи ҳамин дурӯғи Кабирии ҳаннот наҳзатиёни муттаҳам дурӯғҳои навбатии худро иншо мекунанд.

Саидюнуси Истаравшанӣ, ки аз чеҳраҳои махлути ТЭТ ҲНИ мебошад, хостааст дар матлаби навбатияш худро ҳамчун коршиноси масоили динӣ муаррифӣ кунад ва аз сиёсатҳои душманонаи Кабирии палид дастгирӣ кунад. Вай дар мақолааш таҳти унвонӣ “ Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” хостааш аз дирӯзу имрӯзи вазъияти ҷаҳони ислом сухан гӯяд, аммо аз сабаби бедонишиву бесаводияш ва маълумоти кам доштанаш ах таърихи ҷаҳон ва вазъияти мусалмонон муваффақ нашудааст.

Ин нокомиро ба дӯш нагирифта Саидюнус матлаби дурӯғу иғвобарангезашро, ки аз дурӯғи бофтаи хоҷааш сар мешавад, бо ашъори Мавлонон ба итмом расонидааст, то хонанда аз гапҳои фачу лачаш безор нашавад, вале ин ҷо ҳам ноком гардидааст. Зеро далелҳое, ки ин хирасар ва мунофиқи бедину душмани мазҳаби мо гуфтааст умуман ба мавзӯъ рабте надоранд ва он пешгӯие, ки хостааст иншо кунад, як андешаи пуч асту халос.

Қабл аз оне, ки ба таҳлили ин матлаби аблаҳонаву бесаводонаи муттаҳами Саидюнус бипардозам, мехоҳам аз чанд воқеияти имрӯзи Тоҷикистон ва вазъи дину оин дар он сухан кунам.

Нахуст, ин ки дар кишвари мо зиёда аз 4000 масҷид расман сабти ном шудааст ва дар ихтиёри мусалмонон мебошад.

Дуввум Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам имрӯз фаъолият дорад ва мутахассисони варзидаро барои улуми динӣ омӯхтан тарбият менамояд, ки барои кишвари мо хеле дастоварди бузург аст.

Саввум бо пешниҳоди Сарвари давлат  соли 2009-умро ба унвони Соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа, пешвои мазаби ҳанафия дар кишвар расман эълон карданд ва дар ин замина як силсила китобҳои муфид барои шаҳрвандони мусалмон ба табъ расонида шуд. Конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ҷиҳати гиромидошти ин фарзанди солори мусалмон ва пешвои беҳтарин мазҳаб гузаронида шуд, ки на дар ҳама давлатҳо ин ҳолро дидан мумкин аст.

Аммо аз сабабе, ки Саидюнуси Истаравшанӣ аз мазҳаби ҳанафӣ рӯй гардонидаасту  ба мазҳаби шиа гаравидааст, наметавонад ин талошҳои ҳукумати кишварро бубинад ва ном барад. Зеро ин ҷо ба хотири мазҳаби шиаҳо чизе гуфта нашудааст ва онҳо мехоҳанд ки мардум исломро на бо мазҳаби ҳанафӣ, балки бо мазҳаби шиа, ки дар замони муосир бо таъсири андешаҳои носолим хеле махлут гардидааст, бишносанд. Албатта ин амал ғайри мумкин аст, зеро он озодиҳое, ки дар мазҳаби ҳанафия ба мусалмон дода шудааст, он гунае, ки дар ин мазҳаб ба инсон ҳамчун арзиши олӣ таваҷҷуҳ карда мешавад дар ягон мазҳаб ва равияи динии дигар дида намешавад.

Аз ин лиҳоз Саидюнуси касиф ба хотири бадном кардани Тоҷикистон мехоҳад, ҳар гуна дурӯғу фитнаро паҳн кунад. Дар ҳоле, ки худаш чандин сол аст, ки дар кишвар нест ва аз вазъияти ин ҷо умуман огоҳӣ надорад, вале аз кадом сабабе ҳамеша худро доно ва ё худ  “нахӯдӣ пеши қошуқ” мегирад.

Дар мақолаи мазкур муаллиф кӯшиш кардааст, ки аз низом ва муносибати давлатҳои дигар мисол оварда ва ҳатто аз Чину Русия мисол овардааст, ки ҳарду ҳам дар интиҳо бар зарари мардум анҷомидааст. Эрони имрӯз, ки аз ҷониби охундҳо идора мешавад як зиндони боз аст ва зиёда аз 10 миллион эронитабори аз сиёсатҳои низоми исломӣ норозӣ дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд ва дилашон барои ватанашон оҳ мекашад.

Оё вазифаи ислом маҳрум кардани инсон аз сарзамини аҷдодиаш аст?

Оё вазифаи ислом ранҷонидани инсон аст?

Оё вазифаи ислом бехонумону бекасу кӯ кардани инсон аст?

Албатта, ки дар китоби муқаддаси мусалмонон чунин ҳолат ҷой дода нашудааст ва ҳар касе, ки аз дини ислом ҳам бехабар бошад, вазъи имрӯзи шаҳрвандони кишвари исломиро дида, дилаш аз ислому аз дин мемонад. Зеро дар ин кишвари исломӣ, ки Саидюнуси палид таъриф мекунад, ягон зарра қадру қимати инсон вуҷуд надорад ва ҳазорон шаҳрванди ин кишвари охундӣ аз кишвараш дуру ғариб аст, ин ҳам бошад маҳз ба хотири сиёсати нодурусти охундҳои баднафсу бесавод.

Аммо дар мисоли Тоҷикистон бошад, ба ҳама арзишҳои инсонӣ арҷ гузошта мешавад ва ба ҳама динҳо ҳаққи баробар дода шудааст ва дар кишвари мо намояндагиҳои динҳои дигарро ҳам дидан мумкин аст, ки ба ибодату парастиши идини худ машғуланд ва ягон монеае дар ин ҷода дида намешавад.  Аммо чаро имрӯз наҳзатиёне, ки то дирӯз мехостанд аз демократия сухан гӯянд имрӯз ба исломпарастӣ гузаштаанд? Ҳамааш маълум аст, зеро онҳо бо супориши хоҷаи хориҷияшон қадам мезананд ва бе иҷозати хоҷа лом гуфта ҳам наметавонанд.

Лек бояд ин наҳзатиёни малъун  донанд, ки ҳаргиз бо он андешаи разилонае, ки солҳои 90-ум  мардумро гумроҳ карда буданд, дигар наметавонанд ба миллат хиёнат кунанд. Зеро имрӯз миллат дигар он тавре нест, ки аз воқеиятҳои ТЭТ ҲНИ ва наҳзатиёну ба ном муридони дин ва уламои бедониши қалбакии исломӣ огоҳ набошад. Имрӯз ҳама аз воқеиятҳо огоҳ ҳастанд ва авбошону ҷинояткорони наҳзатие, ки худро имрӯз ситора сохтаанд хуб медонанд, ки бо фармони кӣ даҳон мекушоянд.

Мақолае, ки ин хомсар навиштааст ягон воқеият надорад ва танҳо ба хотири  гумроҳ сохтани мардум иншо гардидаасту халос. Зеро кури Юнус, ки аз қадим ҳамчун намояндаи авлоди авбош дар Истаравшан шуҳрат дорад, ба хотири чанд сум пули хоҷагони хориҷияш ин корро мекунад ва аз ҳамин ҳисоб рӯз мегузаронад. Яъне Саидюнуси Истаравшанӣ дигар анъанаи аҷдодиашро на ошкоро ва аз рӯйи усули куҳна, балки аз рӯйи усули нав ва демократик идома медиҳад ва ин амалшаро метавон зиндагӣ аз ҳисоби хиёнат ба мардум ҳам номид.  

Умарҷонов Абдусафо

декани факултети металлургия